НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026
14-уми апрели соли 2026, Душанбе. - Таҳти раёсати Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2026 баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, муовини якуми директори Агентӣ Меҳроб Муминзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣдар ин давра гузориш дод.
Дар ҷараёни гузориши роҳбарияти ҷамъиятҳои истеҳсол, интиқол ва таъминкунандаи энергияи барқу гармӣ ба саволу эродҳои ҷойдошта посух доданд.
Дар идома, ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои зертобеи Агентӣ дар минтақаҳо шунида шуд.
Дар фароварди ҷаласа Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентӣ, баҳри бартараф намудани камбудиҳо, баланд бардоштани сифати корҳои назоратӣ, пешгирии ҳолатҳои истифодабарии ғайримақсадноки энергияи барқ, пурзӯр намудани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ, гузаронидани корҳои назоратӣ ҷиҳати насб ва барқарорсозии дастгоҳҳои ҷубронкунандаи тавоноии реактивӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳо доданд.