Дар соли 2024-ум фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар партави сиёсат, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, тамоми чораҳо баҳри таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯй ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон андешида шуданд.
Ба Вазорати адлия ва сохторҳои он 44 040 (дар соли 2023-юм 47 458) мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 3 418 ё 7% мавод кам аст.
Дар самти қонунгузорӣ 4240 (дар соли 2023-юм 4630) ва дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ 2308 (дар соли 2023-юм 2577) мавод ворид шуд.
Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 5 лоиҳаи қонун, 2 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 13 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.
Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соли 2024-ум ҳамагӣ 1457 (дар соли 2023-юм 1511) мавод ворид шуд, ки аз онҳо 1014 (дар соли 2023-юм 815) санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ, 108 (дар соли 2023-юм 156) барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 20 (дар соли 2023-юм 177) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 82 (дар соли 2023-юм 55) супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 74 (дар соли 2023-юм 94) мавод барои иҷро ва 159 (дар соли 2023-юм 214) мавод барои маълумотро ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 1014 (дар соли 2023-юм 815) санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 104 (дар соли 2023-юм 64) қонуни конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 192 (дар соли 2023-юм 155) фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 665 (дар соли 2023-юм 567) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 48 (дар соли 2023-юм 24) қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ ворид гардид, ки мутобиқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳбандӣ ва ба онҳо варақаҳои баҳисобгирӣ тартиб дода шуда, ба махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии (ММИҲ) «Адлия» ва Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шакли қоғазӣ ва электронӣ) дохил карда шуд.
Аз 108 (дар соли 2023-юм 186) санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 71 (дар соли 2023-юм 86) санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 28-тои (дар соли 2023-юм 68) он бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан рад карда шуда, 9 санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад.
Аз шумораи зикршуда дар 21 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуда, дар 84 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид, 5 санад дар баррасӣ қарор дорад.
Аз тарафи кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он дар соли 2024-ум 15 909 кори тарғибу ташвиқ гузаронида шуд, аз ҷумла 11 858 вохӯрию суҳбат, тавассути телевизион ва радио 2870 баромаду суҳбат гузаронида, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ 1181 мақола ба нашр расид.
Дар соли 2024-ум роҳбарияти Вазорат дар як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуд.
1-уми ноябри соли 2024-ум бо ташаббуси Вазорати адлия Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазоратҳои адлияи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.
Дар самти бақайдгирии ташкилотҳои адвокатӣ дар соли 2024-ум дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар шаҳри Душанбе 16 кабинети адвокатӣ, дар вилояти Суғд 13 кабинети адвокатӣ, дар вилояти Хатлон 9 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуд.
Барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣт 126 251 219,60 (соли 2023-юм 99 948 573,77) сомонӣ боқи давлатӣ ситонида шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 26 302 645,83 сомонӣ ё 26% зиёд мебошад.
Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 313 (дар соли 2023-юм 578) ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид.
Дар соли 2024-ум 1773 огоҳиномаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста ба қабул намудани грантҳо ва кумак аз созмонҳои давлатҳои хориҷӣ ба Вазорат пешниҳод гардид.
Ба Вазорат 1 159 (соли 2023-юм 1 171) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 6 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод намуданд.
Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 489 896 (дар соли 2023-юм 473 841) санад ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 16 055-то ё 3% зиёд мебошад.
Дар соли 2024-ум дар Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ 360 (дар соли 2023-юм 959) огоҳиномаи гаравии молу мулки манқул аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар самти баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва омодагии касбии мутахассисони Вазорати адлия ва сохторҳои он, инчунин хадамотҳои ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 12 курси такмили ихтисос бо ҷалби 211 корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, идораҳои нотариалии давлатӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ», Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, 9 семинари омӯзишӣ барои ҳуқуқшиносони вазорату идораҳои давлатӣ, 15 курси махсусгардонидашуда оид ба омодасозии коршиносони иловагӣ вобаста ба масъалаҳои интихобот, 2 курси сайёр бо ҷалби 68 ҳуқуқшиноси хадамотҳои ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ, 284 вохӯрӣ бо ҷалби 37 027 нафар вобаста ба шарҳи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мавзуъҳои дигари марбут ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, 7 конференсияи илмию назариявӣ ва илмию амалӣ, 2 мизи мудаввар, 159 баромади телевизионӣ ва радиоӣ дар телевизиони «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Душанбе», «Илм ва табиат», «Хатлон», 2 нашри дастури таълимӣ ва 63 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расид.
Дар соли 2024-ум барои гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 7187 мавод ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 768 ё 12% зиёд аст.
Ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар соли 2024-ум ба 11 841 шаҳрванд (дар соли 2023-юм 10 284) машварати ҳуқуқӣ пешкаш намуданд. Аз ин шумора 4250 (35,89%) нафар мард ва 7591 (64,11%) нафарро занон ташкил дода, аз шумораи умумӣ 359 нафарашон шахсони маъюб мебошанд.
Дар маҷмуъ 59 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар соли 2024-ум фаъолият доштанд.
Ба маркази ҳамоҳангсозии Муассиса (колл-сентр) 349 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 330 мард, 19 зан ва аз шумораи умумӣ 81 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд.
Ба шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ дар соли 2024-ум 3827 (дар соли 2023-юм 4746) ариза барои гузоштани апостил пешниҳод гардида, ба 6040 ҳуҷҷат (дар соли 2023-юм 7016) апостил дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат 10 968 (дар соли 2023-юм 9596) мурољҷати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки ба ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавобҳои дахлдор дода шуд.
Аз ҷумла 80 (соли 2023-юм 69) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 608 (соли 2023-юм 579) муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ, 328 (соли 2023-юм 426) муроҷиати хаттии шахсони ҳуқуқӣ, 2811 огоҳиномаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ (соли 2023-юм 2695), 42 (соли 2023-юм 13) муроҷиати электронӣ, 6199 (соли 2023-юм 4821) муроҷиати шаҳрвандон аз хориҷи кишвар, 717 (соли 2023-юм 696) ҳуҷҷат оид ба гирифтани нусха ё дубликати амалиётҳои нотариалӣ, 183 (соли 2023-юм 297) ҳуҷҷат оид ба бақайдгирӣ ё барҳамдиҳии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.
Дар соли 2024-ум дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Вазорат 170 шаҳрванд қабул карда шуда, муроҷиатҳои онҳо баррасӣ гардиданд.
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми майи соли 2024-ум ҷиҳати иҷрои банди 2-юми нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024-ум, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2024-ум тасдиқ шудааст, бо мақсади пешбури корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии вазири адлия таъсис дода шуда, дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10-ум то 15-уми март, шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳи вилояти Суғд аз 14-ум то 16-уми август, шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Қубодиён, Кӯшониён аз 12-ум то 13-уми июн, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон аз 12-ум то 13-уми июл, ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт аз 21-ум то 23-юми октябри соли 2024-ум вохӯриҳо анҷом дод.
Дар айни ҳол Вазорат дар амалисозии барномаҳои давлатӣ, стратегия, консепсияҳои зерин пайваста фаъолият дорад: