Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодӣ ва омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Точикистон, ки санаи 9-уми сентябри соли 1991, ба даст омада, шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати навини соҳибихтиёрамон заминаи мусоид муҳайё гардад. Инак, 35 соли эҳёи миллӣ ва баҳамоӣ, 35 баҳори худсозӣ ва худшиносию худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ, муҳимтар аз ҳама, 35 қадами устувор дар роҳи сохтори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ ҳамчун Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки даврони соҳибистиқлолии кишвари мо пеш аз ҳама барои муттаҳидшавии миллат аз вартаи парокандагиву нестшавӣ хидмати бузургеро ба сомон расонидааст, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи тозаеро боз намуд. Фаромуш намегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бадаст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рў ба рў гардид ва нестшавии кишвари соҳибистиқлоламонро ҳар лаҳза таҳдид мекард. Дар ин марҳилаи душвори таърихӣ барои миллати тоҷик нафаре лозим буд, ки худро фидо созаду мардумро сарҷамъ. Хушбахтона бо баргузории Иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари олии кишвар заминаҳои дастёбии сулҳ ба миён омад. Зеро ин абармарди сиёсат тамоми вакилони ҳамонвақта ва гуруҳҳои даргирро зери Парчами давлати мутаҳид намуда, роҳи мусолиҳаи миллиро пеш гирифт, ки заминаҳои бозсозӣ ва рушди кишвар ба миён омад.
Ёдовар мешавем, ки ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ», ки дар таърихи 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, оғози ҳамдигарфаҳмиву баҳамоӣ гардида, он ҷиҳати фароҳам овардани имконоти мусоид дар рушди муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии ороми мардум замина гузошт.
Таърих гувоҳа аст, соли 1997, ки аз он оғози марҳилаи нави рушд ёд мешвад, он замон масъалаи барқарор кардани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ саъю талош ва вақту хароҷоти зиёдро талаб менамуд. Миллати тоҷик бо талошу заҳматҳои Сарвари хирадманди хеш, Асосгузори вулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сади роҳи фалаҷшавии соҳаҳои давлатро бигирад. Ҳамин тавр аз солҳои 2000-ум ин ҷониб марҳалаи рушд оғоз гардид. Дар ин давра барои расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ ҳама захираву имкониятҳои мавҷуда равона гардиданд.
Барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ аҳамияту афзалияти баланд дошта, ба туфайли суботу оромӣ он таъминкунандаи зиндагии шоистаи ҳар фарди ҷомеа мебошад. Гузашта аз ин Истиқололияти давлатии ва Ваҳдати миллӣ дар татбиқи босамари 4 ҳадафи стратегии давлат: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намуд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба ҳадафи дигари стратегии мамлакат - баромадан аз сарбастагии коммуникатсионӣ мебошад. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ омили муҳими пешрафти кишвар дониста мешавад. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он метавонад ҷумҳуриро аз сарбастагии коммуникатсионӣ берун оварда, барои ба минтақаи транзитӣ табдил ёфтани кишвар мусоидат намояд.
Ҳамчунин, пойдории сулҳу субот, амнияти кулл ва арҷгузорӣ ба истиқлолият имкон даст медиҳад, ки ҳадафи дигари стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ татбиқ гардад. Ин ҳам аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлату ҳукумат маҳсуб мешавад ва он ба беҳтар гардидани вазъи зиндагии сокинон равона гардидааст. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.
Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд.
Раванди 35 - соли арзи ҳастӣ намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ба миён овард, ки ҳукумату давлати мо ҷиҳати расидан ба марҳилаҳои нави рушди худ ворид гардида дар рўи даст гирифтани 4-умин ҳадафи стретегии давлат - саноаткунонии босуръати кишвар заминаи воқеӣ гузошт. Мавриди зикри хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолоту содиротии мамлакат ва рақобатнокии маҳсулот заминаи амиқ мегузорад.
Ба таъкиди коршиносон дар шароити носозгори имрўзаи ҷаҳон, махсусан дар шинохту гиромидошти арзишҳои миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи амнияти ҳаёту рўзгори мардум арзиши истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аҳамияти бештарро ба худ касб намудааст. Зеро маҳз ин дуо мили ҳаётӣ метавонад кафили пойдории рушди кишвар ва устувории шароити созгори мардум бошад.
Дар ҳақиқат, дар даврони 35- соли соҳибистиқлолӣ аз ҷонибӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳҳои бузургии дохилӣ ва хориҷиё рўи даст гирифта шудаанд, ки дар беҳтаргардии зиндагии шоистаи мардум, болоравии иқтисоди кишвар, ба воридгардӣ ва рақобатпазирии маҳсулотҳои ватандӣ дар бозорҳои минтақа сабаб гардид. Аз ҷониби дигар, зери Роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтани «Сиёсати муваффақи дарҳои кушод» дар 35- соли Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масалаҳои ҷаҳонӣ дар самти обу иқлим, ҳифзи пиряхо ва таҳкими даҳсолаи сулҳ дар ҷаҳон шинохта шавад.
Воқеан, истиқлолу ваҳдат такягоҳест баҳри пойдории хаёти инсонӣ. Шоиста аст, ки тамоми инсоният дар эҷоди истиқлолхоҳию ваҳдатгароӣ ҳарчи бештар кушиш кунанд. Зеро башар дар ҳама ҳолат ба истиқлолу ваҳдат ниёз дошт ва дорад. Дар ҷомеае, ки ниҳоли истиқлолу ваҳдат кошта шуд, дар муддати кўтоҳ меваи муваффақият дод.
Биёед, бо шукргузорӣ аз истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии кишварамон, барои ободии бештари он бикўшем ва рўҳияи истиқлолдўстиро дар афкори ҷомеа, махсусан ҷавонон тақвият намоем.Дар дунё ҳеч неруе хуштар аз ваҳдат нест.Зеро хушбахтии дунё аз ваҳдат сарчашма мегирад.
Шарифӣ Рухшона,
нотариуси калони давлатии идораи нотариати давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ