Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсӣ ба волидони 50 нафар кӯдакони навзоди таваллудхонаи «Истиқлол» шаҳодатномаҳои таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Таъкид гардид, ки бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои ӯ буда, гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии ӯ аҳамияти муҳим дорад.
Чунин иқдомҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гувоҳи таваҷҷуҳи пайваста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таҳкими хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошанд.