Дар таърихи ҳар як давлат марҳилаҳое мавҷуданд, ки барои ташаккули низоми давлатдорӣ, муайян намудани самтҳои рушди миллӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеа аҳамияти сарнавиштсоз доранд. Барои миллати тоҷик Истиқлоли давлатӣ маҳз чунин марҳилаи таърихӣ мебошад, зеро соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати миллӣ, ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ, рушди ниҳодҳои давлатӣ ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои давлатӣ дар заминаи арзишҳои миллӣ ва талаботи замони муосир имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа рушд намуда, низоми қонунгузорӣ ва идоракунии давлатӣ пайваста такмил ёфт ва дар ин раванд соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷумлаи соҳаҳоест, ки фаъолияти он бевосита бо ҳаёти инсон, вазъи ҳуқуқии шахс, муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии шаҳрвандон алоқаманд мебошад. Таваллуди инсон, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, тағйир додани насаб, ном ва номи падар, вафот ва дигар воқеаҳои муҳими ҳаёти шаҳрванд дар мақомоти бақайдгиранда ба таври расмӣ сабт гардида, натиҷаи онҳо дар шакли ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ карда мешавад. Аз ин рӯ, фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо иҷрои амалиёти маъмурӣ набуда, яке аз механизмҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон, оила ва ҷомеа мебошад.
Моҳияти аслии ин соҳа дар он ифода меёбад, ки давлат воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти инсонро ба таври расмӣ эътироф ва сабт менамояд. Ҳангоми бақайдгирии таваллуд шахс ҳамчун субъекти ҳуқуқ муносибати расмии худро бо давлат пайдо намуда, барои минбаъд истифода намудани ҳуқуқҳои худ заминаи ҳуқуқӣ ба даст меорад, ҳангоми бақайдгирии ақди никоҳ муносибатҳои оилавии шаҳрвандон мақоми расмӣ пайдо мекунанд, ҳангоми бақайдгирии фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ ё тағйир додани маълумоти шахсӣ бошад, вазъи ҳуқуқии шахс тибқи талаботи қонунгузорӣ дақиқ ва муқаррар мегардад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ як қисми таърихи ҳуқуқии инсон ва ҳамзамон як ҷузъи муҳими низоми ҳуқуқии давлат мебошад.
Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки ин муносибатҳои муҳим дар асоси қонунгузории миллӣ танзим гардида, низоми бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо назардошти манфиатҳои шаҳрвандон ва хусусиятҳои давлатдории миллӣ инкишоф ёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ заминаи ҳуқуқии соҳа пайваста такмил дода шуда, сохтори мақомоти дахлдор рушд кард, фаъолияти бойгонӣ ба низоми муназзам ворид гардид, хизматрасонӣ ба аҳолӣ такмил ёфт ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тадриҷан ба яке аз самтҳои асосии рушди соҳа табдил ёфт.
Яке аз марҳилаҳои муҳими ин раванд ба низоми Вазорати адлия ворид намудани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад, ки барои ташаккули низоми ягонаи идоракунӣ, таҳкими назорати ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти мақомоти бақайдгиранда ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти касбии кормандони соҳа заминаи мусоид фароҳам овард. Дар натиҷаи ин раванд фаъолияти САҲШ бештар ба низоми ягонаи ҳуқуқӣ ва маъмурӣ пайваст шуда, муносибати муназзам ба бақайдгирӣ, нигоҳдории маълумот, бойгонӣ ва хизматрасонии шаҳрвандон ташаккул ёфт.
Марҳилаи дигари муҳими рушди соҳа ба рақамикунонии фаъолияти САҲШ вобаста мебошад. Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ яке аз қадамҳои муҳими гузариш ба шакли муосири хизматрасонии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд маълумоти бақайдгирӣ аз шакли танҳо коғазӣ тадриҷан ба муҳити электронии ягона ворид гардида, имконияти нигоҳдорӣ, коркард, ҷустуҷӯ ва истифодаи самараноки маълумот васеъ гардид.
Қадами муҳим дар ин самт қабули қарорҳои дахлдори давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани низоми электронии бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ буд. Бо ҷорӣ намудани низоми электронӣ шаҳодатномаҳои вобаста ба таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ ва тағйир додани насаб, ном ва номи падар дар асоси маълумоти ба низоми электронӣ воридшуда таҳия гардиданд. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти САҲШ ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ба талаботи даврони рақамӣ мутобиқ гардад.
Дар идомаи ҳамин раванд қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» марҳилаи нави ҳуқуқии рушди соҳаро муайян намуд. Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро бо дарназардошти талаботи муосири ҳуқуқӣ ва технологӣ ба таври мукаммал ба танзим дароварда, дар баробари масъалаҳои анъанавии бақайдгирӣ, ба истифодаи технологияҳои электронӣ, Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳои электронӣ, портали сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва такмили хизматрасониҳои давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки низоми ҳуқуқии САҲШ ба шароити нави рушди ҷомеа ва равандҳои рақамикунонии идоракунии давлатӣ мутобиқ карда шудааст. Қонун тартиби бақайдгирии таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, тағйир додани насаб, ном ва номи падар, ворид намудани ислоҳу тағйирот ва иловаҳо, барқарор намудан ва бекор кардани сабтҳо, додани шаҳодатномаҳои такрорӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро ба таври мушаххас танзим менамояд.
Дар қонунгузории нав як қатор механизмҳои муосири ташкили фаъолияти САҲШ ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд. Аз ҷумла, пешбурди Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳамчун низоми ягонаи иттилоотӣ, истифодаи сабтҳои электронӣ, муайян намудани рақами ягонаи сабт, нигоҳдории доимии маълумоти электронӣ, бақайдгирии тағйироти воридшуда ва нигоҳ доштани маълумоти қаблии сабт аз ҷумлаи унсурҳои муҳимми низоми муосири ҳуқуқии соҳа мебошанд.
Махсусан, ташкили Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аҳамияти калон дорад. Феҳрист ҳамчун махзани ягонаи иттилоотӣ имконият медиҳад, ки маълумоти вобаста ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар низоми муназзам ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда шавад. Ҳар як сабт рақами ягонаи тағйирнопазир дошта, рақами мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон такрор намегардад. Чунин тартиб барои муайянсозии дақиқи ҳар як сабт, пешгирии такрори маълумот, осон намудани ҷустуҷӯ ва баланд бардоштани эътимоднокии иттилооти бақайдгирӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Низоми электронии бақайдгирӣ инчунин имконияти нигоҳдории доимии маълумотро фароҳам месозад. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», сабтҳои электронии Феҳристи давлатӣ таҳти нигоҳдории доимӣ қарор дошта, ҳангоми ворид намудани тағйирот ё ислоҳот маълумоти қаблии сабт низ нигоҳ дошта мешавад. Ин тартиб барои ҳифзи таърихи ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини пайдарҳамии маълумоти бақайдгирӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамин тавр, рақамикунонии САҲШ танҳо иваз намудани ҳуҷҷати коғазӣ бо шакли электронӣ нест, балки ташаккули муҳити ягонаи ҳуқуқию иттилоотӣ мебошад, ки дар он бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, коркард, ҷустуҷӯ ва пешниҳоди маълумот бо истифода аз технологияҳои муосир амалӣ мегардад. Ин тағйирот фаъолияти мақомоти САҲШ-ро ба равандҳои муосири идоракунии давлатӣ пайваст намуда, барои рушди минбаъдаи хизматрасониҳои электронӣ заминаи васеъ фароҳам меорад.
Дар ҳамин замина, пешбинӣ гардидани портали сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» низ аҳамияти махсус дорад. Портал ҳамчун воситаи муосири хизматрасонӣ метавонад барои анҷом додани амалиёти дахлдори вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ истифода шавад ва бо ин роҳ имкониятҳои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ боз ҳам васеъ мегарданд.
Рушди чунин шакли хизматрасонӣ барои шаҳрвандон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Истифодаи технологияҳои электронӣ вақтро самараноктар истифода бурда, дастрасии шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои давлатӣ осон менамояд, равандҳои бақайдгириро муназзам месозад ва имконияти коркарди саривақтии маълумотро васеъ мекунад. Дар натиҷа, муносибати шаҳрванд ва мақомоти давлатӣ ба марҳилаи нави хизматрасонии рақамӣ ворид мегардад.
Яке аз самтҳои муҳими такмили хизматрасонӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба масъалаи маҳалли бақайдгирии таваллуд дахл дорад. Тибқи муқаррароти қонун, бақайдгирии давлатии таваллуд метавонад дар маҳалли таваллуди кӯдак, инчунин дар маҳалли истиқомати доимӣ ё будубоши муваққатии падару модар ё яке аз онҳо анҷом дода шавад. Ин тартиб барои шаҳрвандон имкониятҳои бештар фароҳам оварда, хизматрасониро ба шароити воқеии зиндагии оилаҳо наздиктар менамояд.
Бақайдгирии таваллуд дар низоми САҲШ аҳамияти махсус дорад, зеро он яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқии инсон мебошад. Шаҳодатномаи таваллуд барои муайян намудани шахсияти кӯдак, муносибатҳои ҳуқуқии ӯ бо падару модар ва истифодаи ҳуқуқҳои минбаъдаи шахсӣ, иҷтимоӣ ва молумулкӣ заминаи муҳим мебошад. Аз ин рӯ, рушди хизматрасониҳои вобаста ба бақайдгирии таваллуд ҳамзамон рушди механизми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» низ як қатор ҳолатҳои марбут ба пешниҳоди ариза ва намояндагиро танзим менамояд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ариза метавонад аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида, намояндаи қонунӣ ё намояндаи дорои ваколати дахлдор пешниҳод карда шавад. Ин меъёр имкониятҳои ташкили хизматрасониро васеъ намуда, барои татбиқи самараноки ҳуқуқҳои шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Муҳлати анҷом додани як қатор хизматрасониҳо низ дар қонунгузорӣ ба таври мушаххас муайян шудааст. Аз ҷумла, барои додани шаҳодатномаи такрорӣ дар ҳолате, ки маълумоти зарурӣ дар ихтиёр бошад, муҳлати муайян пешбинӣ гардидааст, ки ин ба шаҳрванд имкон медиҳад раванди гирифтани ҳуҷҷати заруриро бо тартиби муназзам анҷом диҳад. Ҳангоми муайян набудани маълумоти дақиқ дар бораи вақт ва маҳалли бақайдгирӣ низ тартиби баррасии муроҷиат дар муҳлати муайян муқаррар шудааст.
Ин гуна мушаххас намудани муҳлатҳо яке аз нишонаҳои муҳими хизматрасонии муосири давлатӣ мебошад, зеро шаҳрванд метавонад дар бораи тартиб ва давомнокии баррасии муроҷиат тасаввуроти дақиқ дошта бошад.
Дар самти тағйир додани насаб, ном ва номи падар низ қонунгузорӣ тартиб ва муҳлатҳои дахлдорро муқаррар менамояд. Аризаҳои шаҳрвандон дар ин самт дар муҳлати муайян баррасӣ гардида, ҳангоми зарурат маълумоти дахлдор аз мақомоти бақайдгирандаи дигар дархост карда мешавад. Ҳамин тартиб ба таъмин намудани дурустии маълумоти ҳуқуқӣ ва пайвастагии сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
Ворид намудани ислоҳот, тағйирот ва иловаҳо ба сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ дар асоси тартиби муайяншуда анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ хулосаи дахлдор таҳия гардида, баъд аз ворид намудани тағйироти ҳуқуқӣ шаҳодатномаи нав дода мешавад. Ҳамин тавр, низоми бақайдгирӣ имконият медиҳад, ки маълумоти ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти тағйироти қонунии минбаъда пайваста такмил дода шавад.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҳифзи маълумоти шахсӣ мебошад. Маълумоте, ки дар натиҷаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба даст меояд, дорои хусусияти махсус буда, дастрасӣ ба он тибқи талаботи қонунгузорӣ танзим карда мешавад. Ин тартиб барои ҳифзи ҳаёти шахсӣ, манфиатҳои оила ва маълумоти ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти калон дорад.
Ҳифзи маълумоти шахсӣ дар шароити рақамикунонӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Вақте ки маълумот дар низоми электронии давлатӣ нигоҳ дошта мешавад, масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, назорати дастрасӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва сабти амалиёти корбарон ба яке аз унсурҳои муҳимми фаъолияти мақомоти САҲШ табдил меёбанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ин самтҳоро низ дар доираи танзими ҳуқуқии фаъолияти Феҳристи давлатӣ пешбинӣ менамояд.
Рушди САҲШ ҳамзамон бо рушди хизматрасонии шаҳрвандмеҳвар алоқаманд аст. Мафҳуми хизматрасонии муосир пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки шаҳрванд ҳангоми муроҷиат ба мақомоти давлатӣ бояд раванди равшан, фаҳмо ва ба ҳуқуқҳои ӯ мутобиқро эҳсос намояд. Дар ин раванд на танҳо технология, балки фарҳанги хизматрасонӣ, дониши ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати эҳтиромонаи кормандон низ аҳамияти муҳим доранд.
Корманди мақомоти САҲШ дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти инсон сару кор дорад. Ӯ дар бақайдгирии таваллуди кӯдак, таъсиси оила, тағйири вазъи ҳуқуқии шахс, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, бекор кардани ақди никоҳ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти шаҳрванд иштирок мекунад. Аз ин рӯ, фаъолияти корманди САҲШ дорои аҳамияти на танҳо ҳуқуқӣ, балки иҷтимоӣ ва маънавӣ низ мебошад.
Баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони САҲШ дар шароити рушди рақамикунонӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Корманди муосири соҳа бояд қонунгузории амалкунанда, тартиби бақайдгирӣ, қоидаҳои кор бо маълумоти шахсӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва фарҳанги муошират бо шаҳрвандонро хуб донад. Омӯзиши пайваста ва такмили ихтисос имкон медиҳад, ки кормандон ба талаботи нави хизматрасонӣ мутобиқ гардида, дар татбиқи самараноки низоми муосири САҲШ саҳми арзанда гузоранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳа низ тадриҷан аҳамияти бештар пайдо намуд. Омӯзиши қонунгузории нав, азхуд намудани усулҳои муосири кор, истифодаи низомҳои электронӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва рушди малакаҳои касбӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои фаъолияти самараноки мақомоти САҲШ заминаи устувор фароҳам меоранд.
Ҷанбаи дигари муҳимми фаъолияти САҲШ нигоҳдории бойгонии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Бойгонии САҲШ дар асл бойгонии таърихи ҳуқуқии ҷомеа мебошад, зеро дар он маълумот оид ба наслҳо, оилаҳо, таваллудҳо, ақди никоҳҳо, вафот ва дигар воқеаҳои муҳими ҳаёти шаҳрвандон нигоҳ дошта мешавад. Аз ин рӯ, ҳифзи чунин ҳуҷҷатҳо аҳамияти миллӣ дошта, рушди технологияҳои электронӣ имкониятҳои нави нигоҳдорӣ ва истифодаи ин маълумотро ба вуҷуд меорад.
Гузариш ба низоми электронӣ имкон медиҳад, ки маълумоти таърихии соҳа тадриҷан ба муҳити рақамӣ ворид гардида, барои истифодаи минбаъда дар асоси талаботи қонунгузорӣ дастрас бошад. Ин раванд барои ҳифзи мероси ҳуҷҷатии давлат, осон намудани ҷустуҷӯи маълумот ва такмили хизматрасонии шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.
Дар ин замина, метавон гуфт, ки рақамикунонии САҲШ ҳамзамон як раванди ҳифзи хотираи ҳуқуқии миллат мебошад. Ҳар як сабти таваллуд, ҳар як ақди никоҳ, ҳар як сабти вафот ва ҳар як тағйироти қонунӣ қисми муайяни таърихи ҷомеаро ташкил медиҳад. Вақте чунин маълумот бо истифода аз технологияҳои муосир ба таври боэътимод нигоҳ дошта мешавад, давлат имкони ҳифзи ин таърихи ҳуқуқиро барои наслҳои оянда низ таъмин менамояд.
Аҳамияти САҲШ танҳо бо хизматрасонии шаҳрвандон маҳдуд намешавад. Маълумоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои таҳияи омори демографӣ, таҳлили равандҳои иҷтимоӣ, банақшагирии сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои идоракунӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Маълумот оид ба таваллуд, вафот, никоҳ ва дигар ҳолатҳои шаҳрвандӣ ба давлат имконият медиҳад, ки равандҳои демографиро дақиқтар арзёбӣ намуда, сиёсати иҷтимоиро бо дарназардошти воқеияти ҷомеа таҳия намояд.
Аз ин нуқтаи назар, ҳар як сабти САҲШ ҳамзамон се аҳамияти муҳим дорад: он ҳуқуқи шаҳрвандро ҳифз мекунад, маълумоти боэътимоди давлатӣ ба вуҷуд меорад ва барои таҳлили равандҳои иҷтимоӣ замина фароҳам меорад. Маҳз ҳамин пайванди ҳуқуқ, хизматрасонӣ ва омор САҲШ-ро ба яке аз соҳаҳои муҳими низоми идоракунии давлатӣ табдил медиҳад.
Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти САҲШ низ ҳаҷми бузурги робитаи ин соҳа бо ҳаёти ҷомеаро нишон медиҳанд. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар кишвар 255 757 амалиёти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ анҷом дода шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 462 амалиёт зиёд мебошад, дар ҳамин давра 116 229 таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Ин рақамҳо аз ҳаҷми васеи фаъолияти мақомоти САҲШ ва аҳамияти он дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон шаҳодат медиҳанд.
Ҳар як рақами омории соҳа дар асл ифодакунандаи як воқеаи воқеии ҳаёти инсон мебошад. Таваллуд оғози ҳаёти ҳуқуқии шахс, никоҳ оғози ташаккули оила, фарзандхондӣ ифодаи муносибати нави ҳуқуқии оилавӣ, тағйири маълумоти шахсӣ марҳилаи нави вазъи ҳуқуқии шаҳрванд ва бақайдгирии вафот анҷоми марҳилаи ҳуқуқии ҳаёти инсон мебошад. Аз ин рӯ, фаъолияти САҲШ ҳамеша бо муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти ҷомеа пайванди ногусастанӣ дорад.
Бо гузашти 35 соли Истиқлоли давлатӣ метавон бо итминон таъкид намуд, ки соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ роҳи назарраси рушдро тай кардааст. Агар дар марҳилаҳои аввали давлатдории соҳибистиқлол масъалаи асосӣ ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтҳои давлатӣ бошад, имрӯз соҳа ба марҳилаи рушди рақамӣ, истифодаи Феҳристи давлатии электронӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муосир ва такмили минбаъдаи низоми иттилоотӣ ворид шудааст.
Ин тағйиротҳо бевосита бо рушди умумии давлатдории миллӣ алоқаманд мебошанд. Истиқлол имконияти ташаккули қонунгузории миллӣ, таъсиси сохторҳои муосири давлатӣ ва муайян намудани сиёсати мустақили ҳуқуқиро фароҳам овард. Дар натиҷа, соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлатӣ, аз ҷумла САҲШ, имкони рушди мустақилона ва мутобиқ ба талаботи ҷомеаи Тоҷикистонро пайдо намуданд.
Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҳамчун яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқии соҳа ин равандро дар шароити нави рушди давлатдорӣ ба низом медарорад. Дар он ҳамзамон арзишҳои асосии бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва талаботи нави марбут ба рақамикунонӣ, ҳуҷҷатҳои электронӣ, Феҳристи давлатӣ, портал, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва ташкили муосири хизматрасонӣ инъикос гардидаанд.
Аз ин лиҳоз, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро метавон яке аз нишондиҳандаҳои рушди пайвастаи қонунгузории миллӣ арзёбӣ намуд. Он таҷрибаи ҳуқуқии солҳои қаблиро бо имкониятҳои технологӣ ва талаботи нави хизматрасонии давлатӣ пайваст намуда, барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти САҲШ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Дар маркази ин раванд инсон қарор дорад. Мақсади ниҳоии рақамикунонӣ, такмили қонунгузорӣ, ташкили Феҳристи давлатӣ, рушди портал ва мукаммал намудани хизматрасониҳо дар он аст, ки шаҳрванд аз хизматрасонии босифат, дастрас, шаффоф ва муосири давлатӣ бархӯрдор бошад. Ҳар қадар технология рушд кунад, нақши инсон дар маркази хизматрасонӣ ҳамон қадар муҳим боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи САҲШ бояд ҳамчун раванди пайвастаи такмили се унсури ба ҳам алоқаманд — қонун, технология ва инсон — арзёбӣ карда шавад. Қонун заминаи ҳуқуқиро муайян менамояд, технология имкониятҳои нави хизматрасониро фароҳам меорад ва корманди касбӣ ин имкониятҳоро дар амал татбиқ мекунад.
Маҳз чунин ҳамбастагӣ метавонад соҳаи САҲШ-ро ба яке аз намунаҳои барҷастаи хизматрасонии муосири давлатӣ табдил диҳад. Дар ин раванд таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ, имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва фаъолияти кормандони касбии соҳа ҳамчун пояҳои асосии рушди минбаъда хизмат мекунанд.
35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ташаккул, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин муддат низоми ҳуқуқии миллӣ ба марҳилаи нави рушд расида, хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ пайваста такмил ёфтанд. Соҳаи САҲШ низ ҳамчун яке аз бахшҳои мустақими робитаи давлат бо шаҳрванд дар ин раванди созанда саҳми назаррас гузошт.
Имрӯз метавон бо ифтихор гуфт, ки САҲШ аз як низоми танҳо бақайдгирандаи воқеаҳои ҳолати шаҳрвандӣ ба низоми муосири ҳуқуқию иттилоотӣ ва хизматрасонӣ табдил ёфта истодааст. Дар ин низом ҳуҷҷати электронӣ, Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, рақами ягонаи сабт, нигоҳдории доимии маълумот, портали хизматрасонӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва такмили равандҳои бақайдгирӣ бо ҳам пайвастаанд.
Ин ҳама дастовардҳо ифодаи равшани он мебошанд, ки Истиқлол танҳо мафҳуми сиёсӣ ё санаи таърихӣ нест. Истиқлол имконияти рушди тамоми низоми давлатдорӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, идоракунӣ, хизматрасонии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳар як хизматрасонии босифат, ҳар як қонуни мукаммал, ҳар як низоми электронии нав ва ҳар як ҳуҷҷати боэътимоди давлатӣ дар асл як қисми натиҷаи ҳамин роҳи таърихӣ мебошад.
Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ин миён мавқеи махсус дорад, зеро он бо ҳаёти инсон аз аввалин лаҳза то охирин марҳилаи ҳаёт пайваст мебошад. Шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, шаҳодатномаи фарзандхондӣ, ҳуҷҷатҳои вобаста ба муқаррар намудани падарӣ, тағйири насаб, ном ва номи падар ва дигар ҳуҷҷатҳои САҲШ дар ҳар марҳила ба шаҳрванд имконият медиҳанд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар муносибатҳои гуногун тасдиқ намояд.
Аз ин рӯ, рушди САҲШ дар асл рушди механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳар як сабти дуруст, ҳар як ҳуҷҷати боэътимод, ҳар як маълумоти ҳифзшуда ва ҳар як хизматрасонии саривақтӣ ба таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ, ки рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳими он мебошад, соҳаи САҲШ имкониятҳои васеи рушд дорад. Густариши хизматрасониҳои электронӣ, такмили Феҳристи давлатӣ, рушди портали САҲШ, истифодаи самараноки маълумоти электронӣ, таҳкими ҳифзи иттилоот, рушди малакаҳои касбии кормандон ва баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ самтҳое мебошанд, ки ояндаи соҳа ба онҳо пайваст мебошад.
Ин раванд аллакай оғоз гардидааст ва имрӯз мо натиҷаҳои онро дар фаъолияти мақомоти САҲШ мушоҳида менамоем. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як корманди соҳа идомаи ҳамин роҳи созанда, муносибати масъулиятнок ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, риояи дақиқи талаботи қонунгузорӣ, истифодаи дурусти технологияҳои муосир ва муносибати эҳтиромона ба шаҳрвандон мебошад.
Дар ин замина, метавон таъкид намуд, ки рушди САҲШ яке аз самтҳои амалии татбиқи арзишҳои давлатдории соҳибистиқлол мебошад. Агар Истиқлол заминаи ҳуқуқии давлатдории миллиро фароҳам оварда бошад, қонунгузории миллӣ шакли ҳуқуқии онро муайян мекунад, технологияҳои муосир имкониятҳои онро васеъ менамоянд ва фаъолияти кормандони соҳа ин ҳама имкониятҳоро ба хизматрасонии воқеӣ барои шаҳрванд табдил медиҳад.
Бинобар ин, ҳар як дастоварди соҳаи САҲШ бояд ҳамчун қисми дастовардҳои умумии давлати соҳибистиқлол арзёбӣ гардад. Рушди низоми бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои электронӣ, ташкили Феҳристи давлатӣ, рушди портал ва баланд гардидани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки низоми мазкур дар доираи давлатдории муосири Тоҷикистон пайваста рушд мекунад.
Истиқлол барои мо на танҳо имкони соҳибдавлат будан, балки масъулияти рушди пайвастаи давлат мебошад. Дар соҳаи САҲШ ин масъулият пеш аз ҳама дар ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини эътимоднокии маълумоти ҳуқуқӣ, рушди хизматрасониҳои муосир, нигоҳдории таърихи ҳуҷҷатии ҷомеа ва татбиқи самараноки қонунгузорӣ таҷассум меёбад.
Имрӯз, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавон бо эҳсоси ифтихор ба роҳи тайкардаи соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ назар намуд. Ин роҳ роҳи ташаккули заминаи ҳуқуқӣ, рушди сохторҳои давлатӣ, такмили хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва ворид шудан ба марҳилаи нави рақамикунонӣ мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар ин раванд аҳамияти махсус дошта, барои рушди минбаъдаи соҳа заминаи ҳуқуқии муосир фароҳам овардааст. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сабтҳои электронӣ, рақами ягонаи сабт, нигоҳдории доимии маълумот, портали сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва механизмҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ самтҳои муҳимми ин марҳилаи нави рушд мебошанд.
Ҳамаи ин пешрафтҳо дар маҷмӯъ нишон медиҳанд, ки хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи САҲШ ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст. Марҳилае, ки дар он технология ба хизматрасонӣ, қонун ба кафолати ҳуқуқӣ ва фаъолияти корманд ба таъмини муносибати босифат бо шаҳрванд равона шудааст.
Истиқлол сарчашмаи ин рушди пайваста мебошад, қонунгузории миллӣ заминаи он, технологияҳои муосир воситаи он ва инсон ҳадафи асосии он аст. Аз ҳамин нигоҳ, рушди САҲШ яке аз намунаҳои равшани он мебошад, ки чӣ гуна арзиши бузурги Истиқлол дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон таҷассум меёбад.
Ҳар як кӯдаке, ки бо гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба фазои ҳуқуқии давлат ворид мешавад, ҳар як ҷавоне, ки оилаи худро расман барпо менамояд, ҳар як шаҳрвандие, ки маълумоти ҳуқуқии худро тағйир медиҳад, ҳар як оилае, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии худро ба тартиб меорад ва ҳар як шахсе, ки барои гирифтани ҳуҷҷати зарурӣ ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунад, ба таври мустақим бо яке аз муҳимтарин хизматрасониҳои давлати соҳибистиқлол сару кор дорад.
Аз ин рӯ, САҲШ на танҳо соҳаи бақайдгирӣ, балки яке аз чеҳраҳои хизматрасонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рушди он рушди эътимоди шаҳрванд, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, мукаммал гардидани низоми иттилоотӣ ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки роҳи тайкардаи соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи пешрафт, навсозӣ ва такмили пайваста мебошад. Имрӯз ин соҳа дорои заминаи ҳуқуқии муосир, низоми электронии рушдёбанда, Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, имкониятҳои хизматрасонии рақамӣ ва кадрҳои дорои таҷрибаи касбӣ мебошад.
Истиқлол ин имкониятҳоро ба мо дод, қонунгузории миллӣ онҳоро мустаҳкам намуд ва фаъолияти содиқонаи кормандони соҳа онҳоро дар амал татбиқ менамояд. Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи САҲШ бояд ҳамчун идомаи мантиқии дастовардҳои даврони истиқлол ва саҳми мустақими соҳа дар таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ гардад.
Истиқлоли давлатӣ барои мо арзиши бузурги таърихӣ ва заминаи устувори рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар соҳаи САҲШ ин арзиш дар ҳар як санади ба қайд гирифташуда, ҳар як ҳуқуқи ҳифзшуда, ҳар як хизматрасонии босифат, ҳар як маълумоти боэътимод ва ҳар як қадами рақамикунонӣ таҷассум меёбад.
Бинобар ин, метавон бо ифтихор таъкид намуд, ки соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи назарраси рушдро тай намуда, имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими хизматрасонии муосири давлатӣ табдил ёфтааст. Қадами минбаъда дар ин роҳ густариши имкониятҳои рақамӣ, таҳкими низоми ягонаи иттилоотӣ, такмили хизматрасониҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон хоҳад буд.
Ҳадафи асосии ин раванд як аст: ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои инсон ва фароҳам овардани хизматрасонии муосир, дастрас ва босифат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳадаф бо арзишҳои Истиқлол, принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд ва самтҳои рушди муосири давлатдорӣ ҳамоҳанг мебошад.
Имрӯз, бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бо эҳсоси ифтихор метавонем дастовардҳои соҳаи худро ҳамчун қисми дастовардҳои бузурги давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намоем. Зеро Истиқлол ба мо имкони сохтани давлатеро фароҳам овард, ки дар он қонун, ҳуқуқи инсон, хизматрасонии давлатӣ ва технологияҳои муосир пайваста рушд мекунанд.
Соҳаи САҲШ низ дар ин раванди таърихӣ мавқеи худро дорад ва минбаъд низ бо такя ба қонунгузории миллӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди касбияти кормандон ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон барои таҳкими давлатдории миллӣ саҳми худро мегузорад.
Ализода М.
сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон