Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони сохторҳои қудратию низомии кишвар, аз ҷумла Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд.
Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд.