Истиқлол барои ҳар миллат бузургтарин арзиши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ мебошад. Он ба миллат имконият медиҳад, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намояд, роҳи рушди давлатро интихоб кунад, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад кунад. Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танҳо ҳамчун рӯйдоди таърихии 9 сентябри соли 1991 арзёбӣ кардан басанда нест. Истиқлол ҳамзамон оғози раванди мураккаб ва масъулиятноки давлатсозии навин, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ташаккули низоми муосири идоракунии ҷомеа мебошад.
Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли фархунда аст. Кишвар 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд. Ин сана на танҳо ҷашни як рӯйдоди таърихӣ, балки фурсати муносиб барои андешидан дар бораи роҳи тайкардаи давлат, арзёбии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда мебошад. Зеро ҳар солгарди Истиқлол моро водор месозад, ки ба гузашта бо эҳтиром, ба имрӯз бо масъулият ва ба оянда бо эътимод назар кунем.
Истиқлол дар шароити таърихии мураккаби ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба даст омад. Давлати навистиқлол дар оғози роҳи худ бо мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Низоми пешинаи муносибатҳои иқтисодӣ аз байн рафта, низоми нави давлатдорӣ ва идоракунӣ ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дошт. Ихтилофоти сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, барои давлат хатари аз даст рафтани пояҳои асосии давлатдориро ба миён оварданд.
Дар чунин шароит масъалаи асосӣ танҳо рушди иқтисодӣ ё сохтмони муассисаҳои нав набуд. Масъалаи асосӣ ҳифзи худи давлат, таъмини сулҳу субот, барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба як самти муайян равона кардани ҷомеа буд. Аз ҳамин ҷиҳат, марҳилаи аввали истиқлолиятро метавон марҳилаи ҳифзи давлатдорӣ ва гузоштани пояҳои давлати навин номид.
Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит намуд, ки давлатдорӣ бе сулҳу субот пойдор буда наметавонад. Барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ барои идомаи раванди давлатсозӣ заминаи муҳим фароҳам овард. Ваҳдати миллӣ ба ҷомеа имконият дод, ки неруи худро аз муқовимат ва ихтилоф ба созандагӣ, барқарорсозӣ ва рушди кишвар равона намояд. Маҳз дар фазои сулҳу субот имкониятҳои воқеии таҳкими давлат, рушди иқтисод ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омаданд.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, яке аз бузургтарин дастовардҳои Истиқлол ташаккули заминаҳои конститутсионии давлатдории миллӣ мебошад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар таърихи давлатдории навини кишвар рӯйдоди сарнавиштсоз гардид. Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, муносибатҳои асосии байни давлат, ҷомеа ва инсонро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ танзим кард.
Аҳамияти Конститутсия дар он аст, ки он на танҳо сохтори мақомоти давлатӣ ва асосҳои ташкили ҳокимиятро муайян мекунад, балки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф менамояд. Ин меъёр моҳияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлати муосирро ифода мекунад. Давлат барои инсон вуҷуд дорад ва қудрати давлат дар он зоҳир мегардад, ки то кадом андоза метавонад ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро таъмин ва ҳифз намояд.
Конститутсия инчунин барои татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, рушди низоми қонунгузорӣ, ташаккули мақомоти муосири давлатӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон замина гузошт. Баъдан, вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва зарурати такмили сохтори ҳуқуқии давлат ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Ин раванд худ нишон медиҳад, ки Конститутсия санади зиндаи ҳуқуқӣ буда, бояд ба талаботи рушди ҷомеа ва давлат мутобиқ бошад.
Агар Истиқлол имконияти мустақилона сохтани давлатро фароҳам оварда бошад, пас Конститутсия ба ин давлатдорӣ шакли ҳуқуқӣ бахшид. Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ низоми қонунгузории миллӣ ташаккул ёфт.
Дар тӯли 35 сол муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим гардиданд ва низоми ҳуқуқии кишвар пайваста такмил ёфт.
Ин раванд яке аз нишонаҳои муҳими давлатдории мустақил мебошад. Давлати соҳибистиқлол бояд на танҳо ҳудуд, рамзҳо ва мақомоти давлатӣ дошта бошад, балки дорои низоми ҳуқуқии миллӣ бошад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои ҳуқуқро муайян созад.
Қонун дар давлати муосир танҳо маҷмӯи меъёрҳо нест. Қонун воситаи таъмини тартибот, адолат, субот ва пешгӯишавандагии муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Вақте шаҳрванд медонад, ки ҳуқуқаш аз ҷониби қонун ҳифз мешавад ва мақомоти давлатӣ низ дар доираи ваколатҳои қонунӣ амал мекунанд, эътимод ба давлат тақвият меёбад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, рушди қонунгузорӣ дар солҳои истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Қонунгузории миллӣ бо дарназардошти муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ пайваста такмил ёфт. Дар баробари пайдо шудани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ соҳаҳои нави танзими ҳуқуқӣ низ ташаккул ёфтанд.
Хусусияти муҳимми ин раванд дар он аст, ки қонунгузорӣ набояд аз ҳаёти ҷомеа қафо монад. Тағйироти иқтисодӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, муносибатҳои нави меҳнатӣ, соҳибкорӣ, масъалаҳои муҳити зист ва дигар равандҳои муосир талаб менамоянд, ки низоми ҳуқуқӣ ҳамеша такмил дода шавад.
Дар ин раванд сифати қонун низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Қонуни хуб бояд равшан, фаҳмо, мутобиқ ба Конститутсия, аз ихтилофҳои дохилӣ то ҳадди имкон озод ва ба талаботи воқеии ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Аз ин рӯ, рушди қонунгузорӣ на танҳо қабули санадҳои нав, балки такмили санадҳои амалкунанда, бартараф намудани ихтилофоти ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи онҳоро низ дар бар мегирад.
Дар даврони Истиқлол масъалаи волоияти қонун низ ба яке аз самтҳои муҳимми давлатдорӣ табдил ёфт. Волоияти қонун маънои онро дорад, ки фаъолияти давлат, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ташкилотҳо ва шаҳрвандон бояд дар доираи қонун сурат гирад. Ҳеҷ кас набояд худро берун аз талаботи қонун эҳсос кунад.
Волоияти қонун танҳо бо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин намешавад. Он фарҳанги умумии ҳуқуқии ҷомеаро талаб мекунад. Агар шаҳрванд қонунро донад, ҳуқуқҳои худро эътироф намояд ва уҳдадориҳои худро иҷро кунад, заминаи қонуният мустаҳкам мегардад. Агар шахси мансабдор ваколати худро маҳдуд ва масъулияти худро баланд дарк кунад, адолати маъмурӣ ва иҷтимоӣ бештар таъмин мешавад.
Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Шаҳрванди ҳуқуқдон шаҳрвандест, ки на танҳо аз ҳуқуқҳои худ истифода мебарад, балки масъулияти худро дар назди ҷомеа низ дарк мекунад.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон мақоми муҳим доранд. Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, меҳнат, таҳсил, моликият, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи судӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон дар низоми конститутсионӣ ва қонунгузории кишвар эътироф ва кафолат дода шудаанд. Конститутсия, аз ҷумла, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳуқуқ ба таҳсилро муқаррар менамояд.
Аммо ҳифзи ҳуқуқ танҳо бо эълони он ба анҷом намерасад. Ҳуқуқ бояд механизми амалисозӣ ва ҳимоя дошта бошад. Аз ин рӯ, рушди мақомоти судӣ, такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди адвокатура ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ барои амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон аҳамияти калон доранд.
Дар ин замина, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими давлатсозӣ мебошад. Суд дар давлати ҳуқуқбунёд бояд ҳамчун ниҳоди мустақил ва босалоҳият барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс баромад кунад. Эътимоди шаҳрванд ба давлат дар бисёр маврид аз он вобаста аст, ки ӯ то чӣ андоза метавонад дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқи худ ба механизми самараноки ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.
Дар давраи истиқлолият масъалаи мубориза бо ҷинояткорӣ, коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти барои ҷомеа хавфнок низ дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор гирифт. Таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат шарти муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Ҷомеае, ки дар он амният ва тартибот таъмин аст, имкониятҳои бештар барои рушди соҳибкорӣ, маориф, илм ва фарҳанг дорад.
Ҳамзамон, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ набояд танҳо ба татбиқи ҷазо асос ёбад. Пешгирӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, таъмини шароити муносиб барои зиндагӣ ва меҳнат, рушди маориф ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти созанда аз омилҳои муҳими пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мебошанд.
Яке аз самтҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ дар солҳои истиқлолият рушди низоми бақайдгирии давлатӣ мебошад. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, муайян будани мақоми ҳуқуқии субъектҳо ва шаффофияти фаъолияти онҳо аҳамияти муҳим дорад.
Бақайдгирии давлатӣ аз як расмиёти одии маъмурӣ бештар аст. Он қисми механизми эътирофи ҳуқуқии субъект ва воситаи ба низом даровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошад. Мақоми ҳуқуқии ташкилот бояд равшан бошад, фаъолияти он ба талаботи қонун ҷавобгӯ бошад ва муносибатҳои он бо давлат ва дигар субъектҳо дар заминаи ҳуқуқии муайян сурат гиранд.
Дар ин самт низоми хизматрасониҳои давлатӣ тадриҷан ба талаботи замони муосир мутобиқ шуда истодааст. Рақамикунонӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ метавонанд робитаи давлат ва шаҳрвандро боз ҳам самараноктар гардонанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими давлатдории муосир дар ҳамин аст: шаҳрванд набояд барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ бо монеаҳои нолозим рӯ ба рӯ шавад. Хизматрасонии давлатӣ бояд дастрас, шаффоф, фаҳмо ва ба талаботи қонун асосёфта бошад.
Дар баробари дастовардҳои ҳуқуқӣ, 35 соли Истиқлол барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон низ давраи муҳим гардид. Дар кишвар роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва навсозӣ шуданд. Рушди инфрасохтор ба густариши робитаҳои байни минтақаҳо, беҳтар гардидани дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва фаъол гардидани ҳаёти иқтисодии кишвар мусоидат намуд.
Энергетика дар ин раванд аҳамияти стратегӣ дорад. Таъмини иқтидори энергетикӣ барои рушди саноат, соҳибкорӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ заминаи муҳим мебошад.
Маориф низ яке аз сармояҳои асосии давлати соҳибистиқлол аст. Давлате, ки ба дониш, илм ва тарбияи инсон сармоягузорӣ мекунад, ба ояндаи худ сармоягузорӣ менамояд. Имрӯз рақобати давлатҳо на танҳо бо захираҳои табиӣ, балки бо сатҳи дониш, технология, неруи инсонӣ ва қобилияти эҷодии шаҳрвандон муайян карда мешавад.
Аз ҳамин ҷост, ки вазифаи насли имрӯза тарбия намудани шахсе мебошад, ки ҳам донишманд ва ҳам масъулиятшинос бошад; ҳам ҳуқуқҳои худро донад ва ҳам уҳдадориҳои худро иҷро намояд; ҳам ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад ва ҳам ба арзишҳои умумибашарӣ муносибати дуруст дошта бошад.
Дар ин миён нақши ҷавонон махсусан бузург аст. Ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ояндаи давлатро на танҳо шумораи ҷавонон, балки сатҳи дониш, маърифат, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти онҳо муайян мекунад.
Ҷавони соҳибистиқлол бояд Истиқлолро танҳо ҳамчун ҷашн ва санаи таърихӣ қабул накунад. Барои ӯ Истиқлол бояд маънои озодона таҳсил кардан, кор кардан, эҷод намудан, соҳибкорӣ кардан, дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намудан ва дар рушди Ватан саҳм гузоштанро дошта бошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ тарбияи чунин насл аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ҷавонон бояд қобилияти таҳлил намудани иттилоот, фарқ кардани ҳақиқат аз маълумоти бардурӯғ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои иттилоотиро дошта бошанд.
Истиқлол ҳамчунин барои рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Эҳёи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг ва мероси маънавии ниёгон ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Миллате, ки таърихи худро медонад, арзишҳои худро эҳтиром мекунад ва аз таҷрибаи гузашта сабақ мегирад, метавонад ба оянда бо эътимоди бештар қадам гузорад. Аммо худшиносии миллӣ набояд ба маҳдуд шудан аз ҷаҳони муосир оварда расонад.
Баръакс, худшиносии воқеӣ бояд инсонро ба дониш, муколама, таҳаммулпазирӣ ва рақобати созанда омода созад.
Дар тӯли 35 соли Истиқлол Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ мавқеи худро таҳким бахшид. Муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон густариш ёфтанд.
Иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон мавқеи худро оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пешниҳод намояд. Масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим, амният, рушди устувор ва ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки дар сиёсати хориҷии кишвар ҷойгоҳи муҳим пайдо кардаанд.
Дар ин замина, Истиқлол имконият медиҳад, ки давлат манфиатҳои миллии худро мустақилона муайян ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳимоя намояд. Аммо мустақилият ҳамеша бо масъулият пайваст аст. Давлати соҳибистиқлол бояд дар баробари ҳимояи манфиатҳои худ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ низ содиқ бошад.
Агар ба роҳи тайкардаи 35-сола назар кунем, метавон гуфт, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои Истиқлол ташаккули ҳисси нави масъулияти давлатӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Дар ҷомеа тадриҷан дарки он устувор гардид, ки давлат танҳо мақомоти давлатӣ нест. Давлат маҷмӯи ниҳодҳо, қонунҳо, арзишҳо ва шаҳрвандонест, ки дар доираи як фазои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ зиндагӣ мекунанд.
Аз ин рӯ, ҳифзи давлатдорӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ҳар шаҳрванд дар таҳкими давлатдорӣ саҳм дорад. Муаллим бо таълими босифат, духтур бо хизмати софдилона, ҳуқуқшинос бо ҳимояи қонун, соҳибкор бо фаъолияти созанда, олим бо истеҳсоли дониш ва хизматчии давлатӣ бо иҷрои масъулиятноки вазифаҳои худ ба таҳкими давлат саҳм мегузоранд.
Маҳз ҳамин фаҳмиш Истиқлолро аз як мафҳуми сиёсӣ ба арзиши воқеии иҷтимоӣ табдил медиҳад.
Дар асл, Истиқлолият мероси омодае нест, ки онро танҳо қабул карда, ба наслҳои минбаъда супорем. Истиқлол раванди доимии ҳифз ва таҳким аст. Онро бо қонунгузории мукаммал, иқтисоди устувор, ҷомеаи солим, маорифи пешрафта, фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ бояд нигоҳ дошт.
Аз ин рӯ, дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон вазифаҳои муҳимми дигар низ дар пешанд. Такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати идоракунии давлатӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди илм ва маориф, истифодаи самараноки захираҳо ва тарбияи насли созанда бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.
35 соли Истиқлол инчунин моро ба андешаи муҳим мерасонад: дастоварди бузург танҳо он нест, ки имрӯз чӣ дорем; дастоварди бузург он аст, ки мо тавонистем барои фардо замина гузорем.
Имрӯз насли ҷавон дар кишваре ба камол мерасад, ки дорои Конститутсия, низоми қонунгузорӣ, ниҳодҳои давлатии устувор, рамзҳои давлатӣ ва мавқеи байналмилалии худ мебошад. Вазифаи ин насл нигоҳ доштани ин арзишҳо ва бо дониш, меҳнат ва масъулият ба сатҳи нави рушд расонидани онҳо мебошад.
Аз ин нуқтаи назар, 35-солагии Истиқлол бояд на танҳо ҷашни гузашта, балки оғози андешаи нав дар бораи оянда бошад. Мо бояд аз худ бипурсем: давлати мо баъди даҳ, бист ё панҷоҳ соли дигар чӣ гуна хоҳад буд? Ҷавоби ин савол имрӯз бо сатҳи маърифат, қонунгароӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулияти мо муайян карда мешавад.
Истиқлол ба миллат имкони интихоб дод, аммо интихоби дуруст масъулияти моро бештар кард. Қонун ба давлат тартиб дод, аммо риояи қонун вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Конститутсия ҳуқуқҳоро кафолат дод, аммо ҳифзи ҳуқуқ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад. Давлат барои рушди иқтисодӣ шароит фароҳам овард, аммо рушди воқеӣ меҳнати созандаи ҳар як шахсро тақозо мекунад.
Аз ин рӯ, моҳияти Истиқлолро метавон дар се мафҳуми ба ҳам пайваста ҷамъбаст кард: озодӣ, масъулият ва созандагӣ. Озодӣ — имкони мустақилона муайян кардани роҳи давлат ва ҷомеа; масъулият — ҳифзи ин озодӣ ва арзишҳои давлатдорӣ; созандагӣ — истифодаи ин имконият барои бунёди зиндагии беҳтар.
Дар чунин маъно, 35 соли Истиқлол на танҳо як давраи таърихӣ, балки мактаби бузурги давлатсозӣ мебошад.
Ин мактаб ба мо нишон дод, ки давлатдорӣ бо як қарор бунёд намешавад; он бо меҳнати ҳаррӯза, қонун, субот, дониш, фарҳанг ва иродаи созанда ташаккул меёбад.
Имрӯз, вақте ба дастовардҳои 35 соли гузашта назар мекунем, бояд ба онҳо на танҳо ҳамчун сабаби ифтихор, балки ҳамчун масъулияти нав муносибат намоем. Ҳар дастоварди бадастомада вазифаи ҳифзи он ва ҳар қадами пешрафт масъулияти гузоштани қадами баъдиро ба миён меорад.
Дар ниҳоят, Истиқлол барои Тоҷикистон маънои соҳиби сарнавишти худ буданро дорад. Он имконият дод, ки давлатдории миллӣ дар шакли муосир ташаккул ёбад, низоми ҳуқуқии миллӣ бунёд гардад, арзишҳои миллӣ эҳё ва таҳким ёбанд ва Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавқеи худро пайдо намояд.
Аммо қудрати воқеии Истиқлол танҳо дар гузашта нест. Қудрати он дар имрӯз ва фардост.
Истиқлолро бо қонун ҳифз мекунем, бо дониш таҳким мебахшем, бо меҳнат обод месозем ва бо ваҳдат ба наслҳои оянда месупорем.
35 соли Истиқлол — 35 соли роҳи пуршарафи давлатсозӣ, таҳкими қонуният, созандагӣ ва ҷустуҷӯи роҳи рушди устувор мебошад. Ин роҳ идома дорад. Ва идомаи он аз ҳар яки мо — аз муносибати мо ба Ватан, қонун, меҳнат, дониш ва масъулияти шаҳрвандӣ вобаста аст.
Истиқлол мероси танҳо гузашта нест; он масъулияти имрӯз ва амонати фардост.
Сайдализода Ҷаҳонгир Сайдамир,
мушовири адлияи дараҷаи 1,
сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ