Имрӯз, 31-уми августи соли равон, пас аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуданд.
Мулоқоти мазкур тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақим пахш гардида, кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳ раванди мулоқоти Пешвои миллатро ба таври дастҷамъона тамошо намуданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат оид ба таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, рушди муассисаҳои томактабӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати махсус зоҳир намуданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо бояд ҳамқадами замон бошем, омӯзишу истифодаи технологияҳои муосирро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки танҳо дар заминаи маорифи фаъолу фарогир ва пешрав метавонем дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.
Ҳамчунин ба гуфтаи Роҳбари кишвар дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва афзоиши теъдоди шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии электронӣ ҷавонон бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд.
«Онҳо бояд шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд, бо иттилооти ғаразноку хабарҳои бардурӯғ, бахусус, бо ғояҳои ифротгароёна муқовимат карда тавонанд, интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода кунанд, вақти худро ба мутолиаи китоб сарф намоянд ва дар таъмини амнияти иттилоотиву мафкуравии ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Бо дарназардошти чунин воқеият, бояд роҳҳои мустаҳкам намудани масунияти иттилоотии наврасону ҷавонон дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии онҳо дарёфт карда шаванд»,-таъкид намуданд Президенти мамлакат.