Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлоли давлатӣ рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдории давлат» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия Исфандиёр Собирзода изҳор намуд, ки дар давоми 35- соли Истиқлол таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар раванди таҳкими давлатдорӣ, рушди қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Гуфта шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои таммадуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.
Иттилоъ дода шуд, ки Истиқлолият дар ҳақиқат барои кишвар ва мардуми мо заминаҳои пешрафтро фароҳам овард. Бо нигоҳе ба ободкориҳо ва созандагиҳои даврони соҳибихтиёрӣ, метавон гуфт, ки Истиқлолият дарвозаи пайвандшавии Тоҷикистон ба ҷаҳон гардид. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанду бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор намудааст. Дар кишварҳои хориҷӣ 39 намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 20 давлати дигар сафирони ғайримуқим фаъолият доранд. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сафорати кишвари хориҷӣ, 57 намояндагии созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. Тоҷикистон имрӯз аъзои зиёда аз 80 ташкилоти байналмилалӣ аст.