Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини миллати тоҷик буда, барои ташаккули давлати мустақил, рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими институтҳои давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ имкониятҳои нави таърихиро ба вуҷуд овард. 35 соли Истиқлол давраи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеа, рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки ҳамкории давлат ва ҷомеа мебошад.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи тоҷикон саҳифаи нави давлатдорӣ оғоз гардид. Истиқлолият ба миллати тоҷик имконият дод, ки сарнавишти сиёсии худро мустақилона муайян намуда, барои бунёди давлати соҳибихтиёр ва ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ замина гузорад. Дар солҳои аввали истиқлол кишвар бо мушкилоти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ҳалли онҳо аз ҷомеа ва роҳбарияти давлат иродаи қавӣ, масъулияти баланд ва андешаи дурбинонаро тақозо мекард. Бо барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ шароити зарурӣ барои идомаи раванди давлатсозӣ ва рушди устувори ҷомеа фароҳам омад.
Дар ин раванд нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди кишвар арзишманд мебошад. Маҳз дар заминаи суботи сиёсӣ имконият пайдо гардид, ки ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ пайгирона амалӣ шуда, институтҳои давлатдорӣ такмил ёбанд.
Яке аз самтҳои муҳимтарини давлатсозӣ дар даврони истиқлол ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ мебошад. Давлати соҳибистиқлол бе низоми мукаммали ҳуқуқӣ, қонуният ва механизмҳои муассири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон наметавонад ба рушди устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 рӯйдоди муҳими таърихӣ гардид. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлолро мустаҳкам намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян кард.
Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипҳои асосии ташкили ҳокимияти давлатӣ, кафолатҳои фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар институтҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мустаҳкам карда шуданд. Ҳамин заминаи конститутсионӣ барои ташаккули муносибатҳои нави байни давлат ва ҷомеа имконият фароҳам овард.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити давлати соҳибистиқлол яке аз унсурҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Он маҷмӯи муносибатҳо ва институтҳоест, ки дар доираи онҳо шаҳрвандон метавонанд ташаббусҳои ҷамъиятии худро амалӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ саҳм гузоранд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, созмонҳои фарҳангӣ, илмӣ, ҷавонон, занон ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи чунин институтҳо мебошанд.
Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи озодии шаҳрвандон, фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ ва муносибати давлат ба ташаббусҳои шаҳрвандӣ вобаста мебошад. Дар ин раванд қонун бояд ҳамчун заминаи умумии танзими муносибатҳои байни шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат амал намояд.Аз ин нуқтаи назар, нақши мақомоти адлия дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Вазорати адлия ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар як қатор самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат фаъолият намуда, дар таҳкими қонуният, рушди низоми ҳуқуқӣ ва танзими фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳм мегузорад.Яке аз самтҳои муҳим дар ин раванд бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мебошад. Бақайдгирии давлатӣ барои ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳо аҳамияти муҳим дошта, ба муайян гардидани мақоми ҳуқуқии онҳо мусоидат мекунад.Бояд таъкид намуд, ки бақайдгирии давлатӣ танҳо иҷрои як амали маъмурӣ нест. Ин раванд як қисми механизми ҳуқуқии муносибатҳои давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳангоми бақайдгирӣ риояи талаботи қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, мақсад ва вазифаҳои ташкилот ва мутобиқати фаъолияти пешбинишаванда ба меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.Дар натиҷа барои фаъолияти қонунии ташкилот шароити ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад.Дар ин самт фаъолияти Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия дорои аҳамияти махсус мебошад. Мутахассисони соҳа дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои дахлдорро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои ҳуқуқии бақайдгирӣ, азнавташкилдиҳӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилотҳо муносибати касбӣ ва масъулиятнок зоҳир менамоянд.Раванди бақайдгирии давлатӣ бояд ба принсипҳои қонуният, шаффофият, объективият ва масъулияти касбӣ асос ёбад. Ҳар қадар ин раванд бо риояи талаботи қонун ва муносибати дуруст ба шаҳрвандон анҷом дода шавад, ҳамон қадар эътимоди ҷомеа ба фаъолияти мақомоти давлатӣ бештар мегардад.Дар ин замина, яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти адлия фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои фаъолияти қонунии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ташкилоти ҷамъиятӣ дар сурате метавонад ба ҳадафҳои худ ноил гардад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои он равшан муайян шуда, фаъолияти он дар доираи қонун ба роҳ монда шавад.Ҳизбҳои сиёсӣ низ ҳамчун яке аз институтҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузорӣ фаъолият мекунанд. Ҳузури ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеа ба гуногунандешии сиёсӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ иртибот дорад. Аз ин рӯ, танзими ҳуқуқии фаъолияти онҳо бояд ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ равона карда шавад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонунгузории миллӣ ба роҳ монда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ин институтҳоро муайян менамоянд.Муҳим аст, ки муносибатҳои байни давлат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси қонун, эҳтироми ҳуқуқ ва масъулияти тарафайн ба роҳ монда шаванд. Давлат барои фаъолияти қонунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад ва ташкилотҳо низ вазифадоранд, ки фаъолияти худро мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монанд.Маҳз ҳамин мувозинат метавонад ба ташаккули муносибатҳои солими ҷамъиятӣ мусоидат намояд.Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият намуда, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, экологӣ, ҷавонон, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Фаъолияти чунин ташкилотҳо метавонад ташаббусҳои шаҳрвандиро тақвият бахшида, иштироки ҷомеаро дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бештар намояд.Дар баробари ин, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бе баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тасаввурнопазир аст. Шаҳрванди ҳуқуқдон беҳтар метавонад ҳуқуқу озодиҳои худро ҳифз намояд, уҳдадориҳои худро иҷро кунад ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо масъулияти бештар иштирок намояд.Аз ин рӯ, фаъолияти мақомоти адлия дар самти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ низ аҳамияти калон дорад. Маърифати ҳуқуқӣ бояд ба як қисми муҳими фарҳанги шаҳрвандӣ табдил ёбад. Ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки ҳуқуқи ӯ дар куҷо оғоз мешавад, чӣ гуна ҳифз мегардад ва дар баробари ҳуқуқ чӣ гуна уҳдадориҳо дорад.Дар шароити рушди ҷомеаи муосир масъалаи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ низ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Содда намудани расмиёти бақайдгирӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани суръат ва шаффофияти хизматрасониҳо метавонанд ба рушди муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандон таъсири мусбат расонанд.Мақомоти адлия низ дар доираи сиёсати давлатии рақамикунонӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, кӯшиш менамоянд, ки хизматрасониҳои давлатӣ ба талаботи ҷомеаи муосир бештар мутобиқ гарданд. Ин раванд дар оянда низ такмилро тақозо мекунад, зеро технологияҳо на танҳо воситаи осон намудани хизматрасонӣ, балки яке аз омилҳои баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии фаъолияти давлатӣ мебошанд.Масъалаи дигаре, ки дар шароити имрӯза аҳамияти махсус дорад, ҳифзи фазои ҳуқуқӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити қонуният ва суботи сиёсӣ рушд мекунад.Ҳар гуна истифодаи нодурусти имкониятҳои ҳуқуқӣ, паҳн намудани ғояҳои ифротӣ ва фаъолияти берун аз доираи қонун метавонад ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонад.Аз ин рӯ, мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар доираи салоҳияти худ ба таҳкими қонуният, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб мусоидат намоянд. Дар ин раванд муносибати ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аҳамияти хос доранд.Мақомоти адлия дар доираи ваколатҳои худ бояд миёни ду масъалаи муҳим — таъмини фаъолияти қонунии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии давлату ҷомеа — мувозинати дуруст таъмин намоянд. Маҳз чунин муносибат метавонад заминаи устувори рушди ҷомеаи шаҳрвандиро фароҳам оварад.35 соли Истиқлол ҳамчунин нишон дод, ки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо рушди давлатдорӣ робитаи мустақим дорад. Давлати қавӣ ба институтҳои қавии ҷамъиятӣ ниёз дорад ва ҷомеаи масъул бошад, ба давлати қонунмеҳвар ва самаранок такя мекунад. Муносибати давлат ва ҷомеа бояд ба эътимод, қонун, масъулият ва манфиатҳои умумӣ асос ёбад.Дар ин замина, яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти адлия баланд бардоштани сифати фаъолияти касбӣ мебошад. Ҳар як корманди мақомоти адлия бояд дониши ҳуқуқии худро мунтазам такмил дода, тағйироти қонунгузориро пайгирӣ намояд ва дар муносибат бо шаҳрвандон меъёрҳои баланди фарҳанги хизматиро риоя кунад.Зеро эътимоди шаҳрванд ба давлат дар бисёр ҳолатҳо аз муносибати ӯ бо намояндаи мақомоти давлатӣ оғоз меёбад. Муносибати хушмуомила, ҷавоби асоснок, иҷрои саривақтии вазифа ва риояи қонун метавонанд эътимодро таҳким бахшанд. Баръакс, муносибати беэътиноёна ё татбиқи нодурусти қонун метавонад ба чунин эътимод таъсири манфӣ расонад.Аз ин рӯ, фаъолияти мақомоти адлия бояд ҳамеша бо мафҳумҳои қонуният, масъулият, касбият ва адолат пайванди ногусастанӣ дошта бошад.Дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста такмил ёфта истодаанд. Ин раванд бояд бо дарназардошти тағйироти ҷомеа, талаботи шаҳрвандон ва таҷрибаи ҳуқуқии муосир идома ёбад. Қонунгузорӣ бояд муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба таври дақиқ танзим намуда, барои фаъолияти қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварад.Дар баробари ин, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз худи шаҳрвандон низ масъулияти баланд талаб мекунад. Озодӣ бе масъулият метавонад ба мушкилот оварда расонад. Аз ин рӯ, ҳар як ҳуқуқ бояд бо эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон, қонун ва манфиатҳои умумӣ ҳамоҳанг бошад.Ҷомеаи шаҳрвандии солим ҷомеаест, ки дар он шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро медонанд, уҳдадориҳои худро иҷро мекунанд, ба қонун эҳтиром мегузоранд ва барои ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ масъулият эҳсос менамоянд.Дар чунин ҷомеа мақомоти давлатӣ низ бояд ба талаботи шаҳрвандон муносибати созанда дошта бошанд. Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад барои ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварад.Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ин масъалаҳо аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Зеро таҷлили чунин санаи бузург моро водор месозад, ки на танҳо дастовардҳои даврони истиқлолро ёдовар шавем, балки ба вазифаҳои минбаъда низ бо масъулияти бештар назар намоем.Имрӯз ҳифзи истиқлолият ба таҳкими давлатдорӣ, қонуният, ваҳдати миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ вобастагии мустақим дорад. Ҳар қадар шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хубтар донанд, ҳамон қадар ҷомеа устувортар мегардад.Дар ин раванд мақомоти адлия бояд минбаъд низ дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди хизматрасониҳои давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини фаъолияти қонунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар институтҳои ҷамъиятӣ саҳми муносиб гузоранд.Истиқлолият ба мо имконияти сохтани давлатеро фароҳам овард, ки дар он қонун, масъулият ва иштироки шаҳрвандон бояд заминаи рушди ҷомеаро ташкил диҳанд. Вазифаи имрӯзаи мо аз он иборат аст, ки ин имкониятро бо фаъолияти созанда ба натиҷаи воқеӣ табдил диҳем.Дар ин роҳ саҳми ҳар як корманди мақомоти адлия муҳим мебошад.Корманди адлия бо фаъолияти ҳаррӯзаи худ на танҳо вазифаи хизматиро иҷро мекунад, балки дар таҳкими қонуният, баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳм мегузорад.Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фурсати муносибест, ки ба роҳи тайкардаи давлат назар андозад ва дар назди худ вазифаҳои нав гузорад. Барои мақомоти адлия ин сана ҳамзамон бояд ҳамчун марҳилаи нави масъулият дар самти таҳкими сиёсати ҳуқуқии давлат, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ арзёбӣ гардад.Дар шароити муосир ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ба неруи муҳими рушди кишвар табдил ёбад. Барои ин фазои ҳуқуқӣ бояд устувор, қонунгузорӣ равшан, фаъолияти институтҳои ҷамъиятӣ шаффоф ва масъулияти шаҳрвандон баланд бошад.Боварӣ дорем, ки бо идомаи ислоҳоти ҳуқуқӣ, рушди институтҳои демократӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории давлат бо ҷомеа метавон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро боз ҳам мустаҳкам намуд.Дар ин раванд мақомоти адлия минбаъд низ рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро хоҳанд кард. Ҳадафи асосӣ бояд таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, такмили хизматрасониҳои давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.35 соли Истиқлол роҳи бузурги давлатсозӣ, таҷрибаи арзишманди ҳуқуқӣ ва сабақҳои муҳими таърихиро ба мо дод. Вазифаи насли имрӯз аз он иборат аст, ки ин таҷрибаро ба неруи созанда табдил дода, барои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам оварад.Истиқлолият вақте таҳким меёбад, ки давлат қавӣ, қонун устувор, ҷомеа масъул ва шаҳрвандон соҳибмаърифат бошанд. Аз ин рӯ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими қонуният ду самти ба ҳам пайвастаи давлатдории муосир мебошанд.Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дар даврони истиқлол мақомоти адлия дар ташаккули муҳити ҳуқуқии мусоид барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим дошта, ин рисолат дар марҳилаи минбаъдаи давлатсозӣ низ аҳамияти худро нигоҳ медорад. Самаранокии ин фаъолият аз сатҳи касбият, масъулият ва омодагии кормандони мақомоти адлия барои мутобиқ шудан ба талаботи нави ҷомеа вобаста мебошад.Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мо бояд бо ифтихор аз роҳи тайшуда ва бо масъулият ба оянда назар намоем. Пойдории давлат, таҳкими қонуният, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муштараки давлат ва ҷомеа мебошад.Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдору ҷовидон бошад, ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муқаддаси ҷомеа ҳифз гардад, қонуният таҳким ёбад ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони масъул ба марҳилаҳои нави рушд ворид гардад.Тоҷикистони соҳибистиқлол бо давлатдории устувор, ҷомеаи масъул ва шаҳрвандони соҳибмаърифат метавонад роҳи созандагии худро бо қадамҳои устувор идома диҳад.Асозода Ҷӯрабек Нарзулло,