29-уми июли соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Корхонаи воҳиди давлатии «Қонуният»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии «Адолат»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ёддошти тафоҳум доир ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба имзо карданд.
Ин иқдом дар заминаи созишномаҳо ва тавофуқоти пештар бадастомада миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардида, ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳуқуқ ва рақамикунонӣ равона карда шудааст.
Имзои ин Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба, баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар соҳаи иттилооти ҳуқуқӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ барои доираи васеи истифодабарандагон мусоидат хоҳад кард.