«Сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як инсони соҳибандеша мебошад».
Ин андеша имрӯз беш аз ҳар вақти дигар аҳаммият дорад. Ҷаҳони имрӯза бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит ниёз ба сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари сулҳдӯст ва ҷонибдори ҳамкории байналмилалӣ ҳамеша барои таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият давраи хеле вазнинро аз сар гузаронд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва харобиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ гардид. Мардуми кишвар танҳо баъди ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ тавонистанд зиндагии осоиштаро аз нав оғоз намоянд. Аз ҳамин сабаб, сулҳ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон танҳо як калима нест, балки арзиши бузурги миллӣ ва кафолати ояндаи давлат мебошад.
Дар ин роҳ хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург мебошанд. Маҳз бо иродаи қавӣ, хирадмандӣ ва талошҳои пайвастаи ӯ музокироти сулҳ ба анҷоми муваффақ расид ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди таърихӣ Тоҷикистонро аз хатари парокандагӣ наҷот дод ва барои рушди минбаъдаи давлат заминаи устувор фароҳам овард.
Барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ баҳои баланд гирифт. Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо арзёбӣ намуда, таъкид карда буд: «Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто мушкилтарин низоъҳоро метавон тавассути музокирот, созиш ва иродаи сиёсӣ ҳал намуд.» Ин суханон гувоҳи онанд, ки сулҳи тоҷикон танҳо дастоварди миллӣ нест, балки таҷрибаи арзишманд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи барқарорсозии сулҳ эътироф гардидааст. Аз ҳамин рӯ, Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба сулҳу амният дар минбарҳои байналмилалӣ бо эътимод сухан мегӯяд ва ташаббусҳои созанда пешниҳод менамояд.
Дар солҳои охир Пешвои миллат борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таъкид намудаанд, ки сулҳ бояд на танҳо ҳадафи давлатҳо, балки фарҳанги зиндагии тамоми инсоният бошад. Ба андешаи Сарвари давлат, танҳо тавассути муколама, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созанда метавон мушкилоти глобалиро ҳал кард.
Далели равшани ин мавқеи сулҳҷӯёна қабули ташаббуси нави Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Бо пешниҳоди Тоҷикистон солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
Корномаҳои Пешвои миллат танҳо бо барқарор намудани сулҳи дохилии Тоҷикистон маҳдуд намешаванд. Ӯ дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун сиёсатмадори ташаббускор эътироф гардидааст. Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро пешниҳод кардааст. Ҳамаи ин ташаббусҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад.
Имрӯз обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ назаррас афзудааст. Давлатҳои гуногун ба таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ташаббусҳои онро ҷонибдорӣ мекунанд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат мебошад, ки манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои инсондӯстонаро дар меҳвари сиёсати хориҷии кишвар қарор додаанд.
Ҷавонони мо низ бояд ин дастовардҳоро хуб дарк намоянд. Насли ҷавон бояд донад, ки сулҳу оромии имрӯз бо заҳмат ва талошҳои зиёд ба даст омадааст. Ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар як ҷавон бояд бо дониш, меҳнати ҳалол, эҳтироми қонун ва ҳисси ватандӯстӣ барои таҳкими суботу пешрафти Тоҷикистон саҳм гузорад.
Мо бояд ҳамеша қадри сулҳро донем, зеро маҳз сулҳ имконият фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон имрӯз роҳи рушди устуворро пеш гирифта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар шинохта шавад. Ин нуфуз барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор аст.
Дар охир метавон гуфт, ки ташаббуси нави Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як далели равшани сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар бораи манфиатҳои худ, балки дар бораи сулҳу амнияти тамоми инсоният меандешад. Ҳифзи сулҳ, таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи инсондӯстӣ вазифаи умумии мост ва Тоҷикистон дар ин роҳи пуршараф имрӯз яке аз пешсафон ба ҳисоб меравад.
Бигзор сулҳ, дӯстӣ ва ваҳдати инсонҳо чароғи роҳи ояндаи башарият бошад!
Бобозода Фаридун Сайфидин -
сармутахассиси шуъбаи экспертизаи
судии овозшиносӣ, криминалистикаи
рақамӣ ва техникаи компютерии Маркази
ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон