24-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми XIV-уми байналмилалии ҳуқуқии Петербург оғоз гардид, ки дар он вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок дорад. Форум то 26-уми июн идома меёбад.
Вазири адлия Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи кушоди вазирони адлия иштирок карда, вобаста ба масъалаҳои маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи муҳимми таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар шароити муосир маърифати ҳуқуқӣ барои таҳкими давлату давлатдорӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули эҳтиром нисбат ба қонун аҳаммияти махсус пайдо менамояд.
Вазири адлия иштирокчиёнро бо таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт шинос намуда, таъкид кард, ки дар ҷумҳурӣ Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2030 мавриди амал қарор доранд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дода шуд. Иброз гардид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардидааст.
Таъкид шуд, ки ташаббуси мазкур ба муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона шудааст.
Инчунин вазири адлия Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи пленарии XIV-уми байналмилалии ҳуқуқии Петербург, ки дар он муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев суханронӣ кард, иштирок намуд.
Лозим ба зикр аст, ки Форуми мазкур майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз як қатор кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Дар Форум вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ, Олӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ иштирок варзида, дар мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор менамоянд.
Дар Форум масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ, аз ҷумла оид ба муҳммияти риояи принсипи баробарӣ аз ҷониби ҳамаи давлатҳо новобаста аз рушди иқтисодӣ, мавқеи сиёсию ҳарбӣ,нақши ҳуқуқ ва қонун дар замони ҷаҳоншавӣ, амалияи судӣ ва арбитражии ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқии истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ҳуқуқи ширкатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуда, дар доираи он инчунин форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколамаҳо ва конференсияҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд.