Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди мақомоти адлия, собиқ Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрванди шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Марям ба нафақа гусел карда шуд.
Корманди мазкур барои дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилонаю бенуқсон, хизмати намунавии давлатӣ ва фаъолияти босамар дар мақомоти адлия бо ифтихорномаи Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Вазири адлия Музаффар Ашуриён фаъолияти чандинсолаи корманди собиқадорро баланд арзёбӣ намуда, барои хизматҳои содиқона изҳори сипос намуд.
Таъкид гардид, ки корманди мазкур дар фаъолияти кории худ бо масъулиятшиносӣ ва касбияти баланд вазифаҳои хизматии худро иҷро намуда, дар тарбияи кадрҳо саҳми арзанди худро гузоштааст.