Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Исфандиёр оид ба моҳияти шартномаҳои марзӣ бо давлатҳои ҳамсоя ва аҳамияти Аҳдномаи Хуҷанд дар таҳкими дӯстии абадӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ироа кард.
Ба гуфтаи Исфандиёр Собирзода муносибатҳои неки ҳамсоягӣ яке аз рукнҳои асосии сиёсати хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон ба шумор рафта, дар меҳвари онарзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила қарор доранд. Ин равишисозанда аз сиёсати сулҳҷӯёна ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ки ҳамеша бар он таъкид менамоянд, ки “Суботу оромӣ ва амнияти минтақа танҳо дар шароити эътимод ва ҳамкории зичи кишварҳои ҳамсоя таъмин мегардад”. Изҳор карда шуд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳи муколамаи созанда, ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо ва пешбурди дипломатияи дӯстиро интихоб намуд. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандона имкон фароҳам овард, ки кишвар бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои худро тадриҷан ба сатҳи шарикии воқеӣ ва ҳамкории стратегӣ барорад.