Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия, ки 20-уми апрел дар мамлакат таҷлил карда мешавад ҳамоиш доир гардид.
Вазири адлия Музаффар Ашуриён иброз намуд, ки Мақомоти адлияи тоҷик дар масири таърих роҳи дуру дарозеро тай карда, барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои муҳимро ба сомон расонидааст ва дар баробари он, мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст.
«Фаъолияти мақомоти адлия аз рўи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад.
Ин фаъолият маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатиро ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа инкишоф ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт»,-изҳор намуд вазири адлия.
Гуфта шуд, ки яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардида, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд.
Ҳамзамон иттилош дода шуд, ки Вазорати адлия дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад.
Дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молумулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.