Имрӯз бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандон ва зерсохторҳои тобеи вазорат ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимни баромади худ иброз намуд, ки Наврӯз аз қадимтарин идҳои мардуми мо ба шумор рафта, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.
«Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҳашамат ҷашн гирифта мешавад.
Барои мо — тоҷикон мояи ифтихор аст, ки ҷаҳонишавии Наврӯз натиҷаи иқдоми пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд», — гуфт ӯ. Таъкид гардид, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро чун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедории табиат эътироф менамояд.
Гуфта шуд, ки Наврӯз бо нақши созандааш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбутта, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсимии баҳор ҳидоят менамояд.
Аз ин лиҳоз тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил намуда, беҳтарин орзуву ормонҳояшонро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд.
Дар базми наврӯзӣ суфраи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаҳои мероси ниёгон ба маърази намоиш гузошта шуд.
Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад.
Маҳз чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии байни миллатҳо мусоидат намуда, барои муаррифии фарҳанги бойи тоҷикон дар хориҷи ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозанд.
Фаъолияти марказҳои фарҳангии тоҷикон барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон ва анъанаҳои аҷдодӣ аҳамияти хос дорад.
Дар охир барномаи рангини фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва халқӣ, рақсу таронаҳои ҷаззоб марбут ба расму ойинҳои наврӯзӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонид.