Кормандони вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошноӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд. Кормандон бо роҳнамоии мутахассисон – шореҳони Осорхона аз толорҳои гуногуни осорхона дидан карда, бо экспонатҳои таърихӣ, осори фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Ба онҳо дар бораи таърихи халқи тоҷик, фарҳанг ва мероси он, инчунин дар бораи нақши осорхона дар тарбияи ватандӯстии насли ҷавон маълумоти муфассал дода шуд.
Зикр шуд, ки осорхона на танҳо ҷойи нигоҳдории осори таърихӣ ва фарҳангӣ, балки маркази муҳимми тарғиби арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошанд. Осорхонаҳо ба воситаи намоиш додани таърих, фарҳанг ва мероси халқ ба тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, таҳкими ифтихори миллӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.
Кормандони вазорат бо боздид аз осорхона дар бораи таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик – аз асри санг то даврони Истиқлоли давлатӣ – маълумот ва таассуроти зиёд гирифтанд.
Бояд зикр кард, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, яке аз бузургтарин марказҳои фарҳангӣ ва илмии кишвар мебошад. Осорхона соли 2013 дар бинои нави муосир ифтитоҳ шудааст.
Дар осорхона зиёда аз 50 толор фаъол буда, дар онҳо таърихи қадим, асрҳои миёна, этнография, табиат ва санъати тоҷик намоиш дода мешавад.
Осорхона дар ҳифз ва муаррифии мероси миллӣ нақши муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.