Оила дар низоми арзишҳои миллии мо мавқеи меҳварӣ дорад ва пойдории он, тибқи меъёри моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти ҳифз ва ҳимояи давлат қарор дорад. Дар ин модда муқаррар шудааст, ки никоҳ танҳо бо розигии тарафайн баста…
Оила дар низоми арзишҳои миллии мо мавқеи меҳварӣ дорад ва пойдории он, тибқи меъёри моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти ҳифз ва ҳимояи давлат қарор дорад. Дар ин модда муқаррар шудааст, ки никоҳ танҳо бо розигии тарафайн баста мешавад, оила бар масоили тарбияи фарзанд масъулияти бевосита дорад ва давлат барои рушди оила шароити ҳуқуқию иҷтимоӣ фароҳам меорад.
Кодекси оила дар моддаҳои 1, 3, 14, 17, 33–37, 63, 66, 70, 118–140 меъёрҳоеро муқаррар мекунад, ки устувории оила, масъулияти ҳамсарон, ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва тартиби бекоршавии никоҳро ба таври дақиқ танзим менамоянд. Махсусан, моддаи 3 вазифаи давлатро дар таъмини устувории оила муайян мекунад; моддаи 63 уҳдадории падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд ба сифати уҳдадории ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ таъкид мекунад; моддаи 70 бошад, манфиати олии кӯдакро дар ҳама қарорҳо меъёри асосӣ медонад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса ба фарҳанги оиладорӣ дошта, таъкид намудаанд: «Оилаи солим пояи ҷомеаи солим аст. Ҳар ҷавоне, ки ба издивоҷ қадам мегузорад, бояд масъулияти иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии худро дарк кунад. Мустаҳкамии давлат аз мустаҳкамии оила оғоз мегардад». Ин ҳидоятҳо барои сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи оила, паст кардани сатҳи ҷудошавӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ асоси муҳиманд.
Таҳлили илмӣ- омории вазъ
Аз фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар соли 2025 чанд хулосаи илмӣ ба даст меояд. Дар ин давра 8535 ҳолати бекоршавии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2024 567 ҳолат кам мебошад.
Аз нуқтаи назари демографӣ ва иҷтимоӣ, ин нишондиҳанда метавонад нишонаи беҳтар шудани маърифати ҳуқуқӣ ва коромадии тадбирҳои пешгирӣ бошад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки:
— (5687 ҳолат) бекоршавӣ бо санади судӣ сурат гирифтааст. Ин ҳолатҳо бештар дорои муноқишаҳои тӯлонӣ, масоили молу мулкӣ ва баҳси тарбияи фарзанд мебошанд. — (2750 ҳолат) бо аризаи якҷояи ҳамсарон ҷой доранд, ки аксаран дар онҳо кӯдакони ноболиғ вуҷуд надоранд. —(98 ҳолат) бо аризаи якҷониба ба қайд гирифта шудааст, ки ба муносибатҳои комилан вайрон шуда далолат мекунад. Таҳлили демографӣ нишон медиҳад, ки дар пайи ин ҷудошавиҳо 6 308 кӯдак аз тарбияи пурраи падару модар маҳрум гардида, ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд. Аз рӯйи стандартҳои Созмони Милали Муттаҳид, чунин кӯдакон ба эҳтимолияти баланд ба мушкилоти равонӣ, камбудиҳои иҷтимоӣ ва пастшавии имкони таҳсил дучор мешаванд. Барои ҳамин қонунгузории миллӣ низ манфиати олии кӯдакро меъёри марказӣ медонад (моддаи 70 Кодекси оила).
Аз ҷиҳати сотсиологӣ, коҳиши 267 бекоршавӣ на танҳо нишондиҳандаи оморӣ, балки нишондиҳандаи тағйироти сифатӣ низ мебошад. Ин коҳиш натиҷаи: — афзоиши корҳои фаҳмондадиҳӣ, — машваратҳои ҳуқуқию равоншиносӣ, — назорати қонунгузории танзими никоҳ, — татбиқи сиёсатҳои давлатӣ мебошад.
Дар соли 2025 мақомоти САҲШ — 5435 чорабинӣ (аз ҷумла 4611 баромад, мақола, суҳбат, вохӯрӣ) доир намудаанд, ки ин нишондиҳанда аз назари илмӣ индекси фаъолнокии маърифатӣ номбар мешавад ва бо нишондиҳандаи коҳиши ҷудошавӣ муносибати мустақим дорад.
Таҳлили ҳуқуқӣ ва иҷтимоии омилҳои бекоршавӣ
Сабабҳои асосии бекоршавии никоҳ аз чанд гурӯҳ иборатанд:
1. Омилҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ — паст будани саводи ҳуқуқӣ (хиҷолат аз муроҷиат ба машваратчиёни ҳуқуқӣ); — надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарҳо (моддаҳои 33–37 КОҶТ); — никоҳҳои бар маҳал ва маҷбурӣ, ки аксаран бе заминаи равонӣ ва ҳуқуқӣ сурат мегиранд.
2. Омилҳои равонӣ — сатҳи пасти фарҳанги муошират, набудани таҳаммул, ҳассосият ба муноқишаҳои хурд; — набудани таҷрибаи ҳаллу фасли мушкилот; — бемориҳои равонӣ, стресс ва депрессия, ки дар натиҷаи муҳоҷирати тӯлонӣ ба вуҷуд меоянд.
3. Омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ — муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷудо зиндагӣ кардани ҳамсарон; — сатҳи пасти даромад, мушкилоти манзил, бекорӣ; — изтироб ва фишори иҷтимоӣ.
4. Омилҳои ахлоқӣ ва маънавӣ — бегонашавии фарҳангӣ ва таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ; — хиёнат, нашъамандӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ;
— никоҳи хешутаборӣ ва мушкилоти тиббӣ. Пешвои миллат дар баромадҳои худ дар ин маврид чунин гуфтаанд: «Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки оила танҳо муносибати ҳуқуқӣ нест, балки мактаби масъулият, муҳаббат ва таҳаммулпазирист.
Пешгирии пошхӯрии оила кори дастаҷамъии ҷомеа ва давлат мебошад». Роҳҳои устувору илмии пешгирии бекоршавии никоҳ Бо такя ба қонунгузорӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва фаъолияти амалии сохторҳо, роҳҳои зерин муассир шуморида мешаванд:
1. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги оиладорӣ Мувофиқи моддаҳои 33–37 Кодекси оила, ҳар як ҳамсар бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад. Аз ин рӯ, САҲШ пеш аз бақайдгирии никоҳ машваратҳои ҳатмии омӯзанда доир мекунад.
2. Машваратҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ пеш аз издивоҷ Таҷрибаи пешрафта нишон медиҳад, ки машваратҳои равонӣ 25–40% хавфи ҷудошавиро коҳиш медиҳад.
3. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳангоми муроҷиати ҳамсарони ҷудошаванда Мутобиқи меъёрҳои Кодекси оила, кормандони САҲШ ба онҳо муҳлати тафаккур ва имкони оштӣ пешниҳод мекунанд. Бисёре аз ҷудошавиҳо маҳз дар ин марҳила пешгирӣ мешаванд.
4. Пешгирии никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ Шарҳи оқибатҳои тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ бояд ҷузъи асосии корҳои тарғиботӣ бошад.
5. Таҳкими дастгирии иҷтимоии оила Бо истифода аз барномаҳои давлатӣ — кӯмак ба оилаҳои ҷавон, хонаводаҳои осебпазир, падару модарони ҷавон.
6. Истифодаи барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо Дарсҳои «Фарҳанги оиладорӣ», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Падару модарӣ» бояд густариш ёбанд.
7. Таҳкими сиёсати иттилоотӣ Паҳн намудани мавод, барномаҳои телевизионӣ, мастер-классҳо, мусоҳибаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Оилаи солим нерӯи муттаҳидкунандаи ҷомеа аст.
Ҳар яке аз мобояд ба таҳкими он ҳамчун арзиши муқаддас ҳисса гузорем». Хулоса Пешгирии ҷудошавии никоҳ — ҳадафи миллӣ, вазифаи ҳуқуқӣ ва амри иҷтимоӣ мебошад. Он бо: — татбиқи дурусти қонунгузорӣ, — кори мақсадноки мақомоти давлатӣ, — фаъолияти САҲШ, — баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ, — омодагии равонӣ, — ва иштироки ҷомеа амалӣ мегардад. Пойдории оила — пойдории давлат аст. Манфиати олии кӯдак — меъёри асосии тамоми қарорҳо мебошад.
Ва дар ин роҳ, кӯшишҳои муштараки мо барои коҳиши ҷудошавӣ ва таҳкими оила ба рушди ҷомеаи солим мусоидат хоҳад кард.
Муовини сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Мушовири адлияи дараҷаи 1,