(нуктаҳо аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”)
Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” аз 16 декабри соли 2025 ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити муосир таъмини амнияти миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодӣ бе ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва густариши хизматрасониҳои электронӣ ғайриимкон мебошад. Ин раванд на танҳо ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, балки ба пешгирӣ аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ, коҳиши омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба институтҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
Дар паём зикр мегардад, ки яке аз мушкилоти асосии идоракунии давлатӣ таъсири аз ҳад зиёди омили инсонӣ дар равандҳои хизматрасонӣ мебошад. Маҳз ҳамин омил дар гузашта боиси суистифода аз мансаб, тӯлонӣ гардидани муҳлати хизматрасониҳо ва коҳиши сифати онҳо мегардид. Аз ин рӯ, гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ ҳамчун воситаи муассири коҳиш додани чунин хатарҳо ва таҳдидҳои дохилӣ дар паём мавқеи хос дорад. Таҷрибаи амалии мақомоти адлия, аз ҷумла соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фаъолияти нотариалӣ, нишон медиҳад, ки ин равиш дар амал низ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ бо масъалаи амнияти иттилоотӣ иртиботи мустақим дорад. Пешвои миллат дар паём таъкид менамоянд, ки ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва иттилооти давлатӣ бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти миллӣ баррасӣ гардад. Дар шароите ки таҳдидҳои киберӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯ ба афзоиш доранд, рушди хизматрасониҳои электронӣ бояд ҳамзамон бо ҷорӣ намудани системаҳои муосири ҳифзи иттилоот, назорати дастрасӣ ва такмили малакаи касбии мутахассисон амалӣ карда шавад.
Таҳлили муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки масъалаи сулҳу суботи пойдор дар иртиботи зич бо таъмини амнияти миллӣ баррасӣ мегардад. Дар ҳамин замина, сиёсати сулҳҷӯёна ва дурнамои амниятии кишвар бо фаъолияти пайгирона ва нақши калидии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Саҳми шахсии Сарвари давлат дар барқарорсозии сулҳи шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешбурди сиёсати мутавозини дохилӣ ва хориҷӣ боис гардидааст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва суботофар дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шавад.
Дар чунин шароит татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Таҷрибаи рақамикунонии соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фаъолияти нотариалӣ яке аз мисолҳои равшани амалишавии сиёсати муайянгардидаи давлатӣ ба шумор меравад. Бо ташаккули базаи ягонаи электронии маълумот, равандҳои бақайдгирии таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, вафот ва дигар ҳолатҳои шаҳрвандӣ ба таври мутамарказ ба роҳ монда шуда, сатҳи дақиқият, шаффофият ва боэътимодии иттилоот ба маротиб баланд гардид.
Рақамикунонии хизматрасониҳои САҲШ имкон фароҳам овард, ки як қатор хизматрасониҳо ба шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд, аз ҷумла бақайдгирии аввалияи ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҷустуҷӯ ва тасдиқи маълумот аз базаи ягона, инчунин ҳамоҳангсозии иттилоот бо дигар мақомоти давлатӣ. Ин иқдомҳо на танҳо муҳлати расонидани хизматрасониҳоро кӯтоҳ намуданд, балки имконияти дахолати ғайриқонунӣ ва таъсири субъективиро низ ба ҳадди ақал расонданд.
Дар баробари ин, рақамӣ намудани хизматрасониҳои нотариалӣ низ дар доираи сиёсати пешбинишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст. Ҷорӣ гардидани базаҳои электронии ягона, сабти рақамии амалиёти нотариалӣ ва санҷиши электронии маълумот сатҳи эътимоднокии муомилоти шаҳрвандиро баланд бардошт.
Дар паём ба масъалаи амнияти иқтисодӣ ва молиявӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардидааст. Рақамикунонии хизматрасониҳо шаффофияти равандҳои молиявиро таъмин намуда, истифодаи самараноки маблағҳои давлатиро имконпазир месозад. Мисоли равшани ин раванд ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика мебошад, ки зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, сатҳи талафоти неруи барқ коҳиш ёфтааст.
Дар оянда, рушди минбаъдаи рақамикунонии ин соҳаҳо бояд ба густариши пурраи хизматрасониҳои электронӣ, ҳамгироии системаҳои иттилоотии байниидоравӣ, такмили механизмҳои ҳифзи иттилоот ва ҷорӣ намудани унсурҳои зеҳни сунъӣ равона карда шавад. Татбиқи чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки самаранокии идоракунии давлатӣ боз ҳам баланд гардида, заминаи боэътимоди таъмини амнияти миллӣ фароҳам оварда шавад
Собирзода Исфандиёр Салом, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ