Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон ва тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар –машварат таҳти унвони «Тартиби банақшагирӣ, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар –машварати мазкур намояндагони хадамоти ҳуқуқии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифати шаҳрвандӣ» дар мавзуҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, экспертизаи зиддикорррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили таъсири танзимкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби истифодабарии махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия» суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории семинар-машварат ин вусъат додани ҳамкориҳои ниҳодҳои давлатӣ дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва баланд бардоштани дониши иштирокчиён вобаста ба раванди банақшагирӣ, таҳия, мувофиқасозӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, он барои ҷорӣ намудани амалияи ягона вобаста ба таҳия, қабул ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.