Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷойгоҳи нави хуштарҳу замонавии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.
Ифтитоҳи ҷойгоҳи нав дар арафаи таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷиҳати расидан ба ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда шуд. Бахши САҲШ-и ноҳияи Сино аз равзанаи замонавии электронӣ, ҳуҷраҳои бойгонӣ, корӣ, толори ақди никоҳ иборат буда, дар китобхонаи он асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуданд, ки аз он кормандони бахши САҲШ ва сокинони ноҳия баҳрабардорӣ мекунанд.
Дар бино кормандон бо равзанаи замонавии электронӣ шаҳрвандон ва корафтодагонро тибқи навбати электронӣ қабул намуда, талаботи онҳоро қонеъ мегардонанд. Толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст.
Дар толори мазкур барои қайди ақди никоҳи навхонадорон шароити муосир фароҳам мебошад.
Дар бинои мазкур инчунин ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият менамояд, ки ба шаҳрвандон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ маслиҳати ҳуқуқӣ хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки аз соли 2020 инҷониб коргузорӣ дар мақомоти Сабти асноди шаҳрвандӣ тавассути низоми электронӣ амалӣ шуда, ҳамаи сабтҳо ба тариқи рақамӣ тартиб дода мешаванд.
Вобаста ба гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ иброз гардид, ки шуруъ аз 10 июли соли 2024 ҳамаи хизматрасониҳо ба тариқи ғайринақдӣ тавассути низоми пардохти ҳушманд «smart pay» амалӣ карда мешаванд.
Дар рӯзи ифтитоҳӣ ба волидони тифлони навзод шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.