5 October 2026
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул шудааст, имрӯз ба сифати санади асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон шинохта мешавад. Гарчанде ки он табиати ҳатмии ҳуқуқӣ надорад, аммо қудрати меъёрии он ба таври амиқ ба рушди қонунгузорӣ ва сиёсатҳои ҳуқуқии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсир гузоштааст. Дар Тоҷикистон нақши Эъломия ҳамчун заминаи фалсафӣ, меъёрӣ ва сиёсӣ хеле барҷаста аст, зеро меъёрҳои он ба Конститутсия, қонунгузории соҳавӣ, сиёсати ҳуқуқии давлат ва фаъолияти мақомот таъсири мустақим расонидаанд.
Дар маркази Эъломия арзиши инсон, шаъну шарафи ӯ ва баробарҳуқуқии тамоми одамон қарор гирифтааст. Ин арзишҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумла, моддаи 5-и Конститутсия эътироф мекунад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат вазифадор аст, ки онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз кунад. Ин меъёрҳо бевосита аз моддаи 1 ва 2 Эъломия сарчашма мегиранд, ки дар онҳо баробар пайдо шудани инсонҳо дар шаъну ҳуқуқ таъкид шудааст.
Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва амнияти шахс яке аз сутунҳои асосии Эъломия дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон мавқеи махсус дорад. Моддаи 3 Эъломия ин ҳуқуқҳоро ҳамчун ҳуқуқи бунёдӣ эътироф мекунад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфта, давлат дар моддаҳои 18–21 кафолати дахлнопазирии шахс, манъи шиканҷа ва ҳуқуқ ба ҳимояи судиро муқаррар намудааст. Ин меъёрҳо дар Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ низ бо кафолатҳои равшан мустаҳкам шудаанд. Манъи шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ, ки Эъломия ба он даъват мекунад, дар Тоҷикистон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии шиканҷа» (2012) ва пайвастан ба Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ амалан татбиқ гардид.
Принсипи баробарӣ ва манъи табъиз дар раванди ташаккули сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон нақши калидӣ бозидааст. Моддаи 7 Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун баробар буда, табъиз дар ҳама шакл манъ аст. Ин меъёр дар қонунгузории миллӣ тавассути чандин санадҳо амалӣ мешавад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии аробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (2005), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (2013) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» (2017). Ҳамаи ин санадҳо аз арзишҳои Эъломия илҳом гирифта, ба ҳимояи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир нигаронида шудаанд.
Ҳуқуқ ба адолати судӣ яке аз кафолатҳои муҳими Эъломия дар қонунгузории Тоҷикистон бо раванди ислоҳоти судӣ ва рақамикунонии низоми адолати судӣ таҷассум ёфтааст. Дар солҳои охир судҳои ҷумҳурӣ ба низоми ягонаи электронии ҳуҷҷатгузорӣ пайваст шуданд, ки имкони муроҷиати онлайнии шаҳрвандон, дидани вазъи мурофиа ва шаффофияти фаъолияти судҳоро таъмин намуд. Ин амал мутобиқи меъёрҳои моддаи 10 Эъломия аст, ки дар он зикр шудааст: «ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки парвандааш дар суди мустақил ва беғараз бо адолат баррасӣ шавад».
Ҳуқуқ ба маълумот ва озодии баён низ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Эъломия ва қонунгузории миллӣ мебошад. Моддаи 19 Эъломия ин ҳуқуқро эътироф мекунад, ки дар Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» таҷассум ёфтааст. Пурра таъмин намудани ин ҳуқуқ дар ҷомеаи рақамии муосир ба сатҳи нави шаффофият ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Дар самти ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон таъсири Эъломия боз ҳам бештар ба назар мерасад. Моддаи 25 Эъломия ҳуқуқи махсуси модар ва кӯдакро таъкид мекунад. Ин меъёр дар Тоҷикистон тавассути Кодекси оила, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва Барномаи давлатии ҳифзи иҷтимоии кӯдакон амалӣ мешавад. Бақайдгирии ҳатмии таваллуд, ки Эъломия онро ҳамчун ҳуқуқи табиии ҳар кӯдак эътироф мекунад, дар Тоҷикистон ройгон ва ба таври ҳатмӣ анҷом дода мешавад. Дар солҳои охир САҲШ ба низоми электронӣ пайваст шуда, сабти таваллуд, никоҳ, талоқ, вафот ва дигар амалҳои ҳуқуқиро осан намуд. Ин раванд ба густариши ҳуқуқу имкониятҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Нақши мақомоти адлия дар татбиқи меъёрҳои Эъломия дар Тоҷикистон хеле муҳим аст. Вазорати адлия тавассути САҲШ, нотариат, МД “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”, муассисаҳои ислоҳӣ, муассисаҳои таълимӣ (ба монанди Донишкадаи такмили ихтисос) ба ҷомеа хизмат мерасонад. Хизматрасониҳои мазкур механизми амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошанд. Масалан, ёрии ҳуқуқии ройгон, ки дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ ҷорӣ шудааст, имкони ҳимояи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазирро фароҳам меорад. Ин амалиёт ба принсипҳои дастрасӣ ба адолат ва ҳимояи ҳуқуқии ҷойдодаи Эъломия мувофиқ мебошад.
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар барои Тоҷикистон танҳо санади таърихӣ нест, балки ҳамчун фалсафаи давлатсозӣ хизмат мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки “ҳуқуқи инсон арзиши олӣ буда, эҳтироми он пояи давлатдории ҳуқуқбунёд аст”. Ин ақидаи сиёсӣ ба ташаккули барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи ягонаи ислоҳоти ҳуқуқӣ, Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо роҳнамоӣ намудааст.
Имрӯз Тоҷикистон бо ҳамроҳ шудан ба санадҳои зиёди байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймон оид ба ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф, масъулияти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Ҳамаи ин санадҳо аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар сарчашма мегиранд.
Аз ин рӯ, Эъломия дар ташаккули низоми ҳуқуқии Тоҷикистон на танҳо таъсири меъёрӣ, балки иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва таҳсилотӣ дорад. Он ҳамчун санади бунёдӣ ба қонунгузорӣ шакл дода, ба амалиёти мақомоти давлатӣ рӯҳ мебахшад ва ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Эъломия на танҳо таърихи 76-сола дорад, балки ба ҳайси ойинаи арзишҳои умумибашарӣ то имрӯз барои кишварҳое чун Тоҷикистон аҳамияти барҷаста дорад.
Осимӣ Зевар,
нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Спитамен