Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул гардида, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 24 ноябри соли 1992 мавриди истифода қарор дода шуд.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аркони муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асолати таърихӣ, ормону умед, азму талоши гузаштагони бонангу номуси миллати мо ба хотири ифтихору сарфарозии ояндагон инъикос гардида, ба ҷаҳониён аз таъриху фарҳанги давлатдории тоҷикон башорат медиҳанд.
Мақоми ҳуқуқии рамзҳои давлатии Тоҷикистон баробар бо қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шуд. Тибқи банди 18 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқадимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчам, Нишон, ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: Аз ҷумла рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои Парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи уребхаташ 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.
Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи қудраш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болой тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2-и рахи сафед васл мегарданд.
Рангҳои Парчами миллӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва байёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсии миллати мост.
Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол.
Ранги сафед — нишонаи бахту саодат, умедуорзу.
Ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.
Дар байни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишорае ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдорӣ, озодӣ, пойдории истиқлоли давлатӣ ва иттиҳоди қавии шаҳрвандон, баёнгари дӯстӣ ва ягонагии тамоми мардуми кишвар ба шумор рафта, тавассути унсуру аломатҳояш инъикоскунандаи таъриху фарҳанги милати мо мебошад.
Бинобар ин эҳтиром гузоштан ба Парчами миллӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Давлат Раҷабзода,
Мутахассиси пешбари Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон