Имрӯз, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иброз намуд, ки Парчам яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзўву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
«Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мардуми шарафманди тоҷик беш аз се даҳсола бо парчами парафшони худ, зери сиёсати бунёдкоронаву созандаи Роҳбари оқилу тавоно - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матин ва азми қавӣ роҳи бунёдкориву созандагӣ гомҳои устувор гузоштаанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки мо ҳама дар зери ин парчам сарҷамъ шуда, Ватани азизи худро боз ҳам ободу зебо менамоем»,-изҳор намуд Вазири адлия.
Гуфта шуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва таърихии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арзишҳои конститутсионӣ, анъанаҳои давлатдорӣ ва фарҳанги ғании миллӣ сарчашма гирифтаанд. Парчам рамзи ифтихор, ваҳдат, сулҳ ва истиқлол буда, ҳамчун нишонаи расмии давлати тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва байналмилалӣ вазифаи муҳимро ба анҷом мерасонад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода баён дошт, ки Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
«Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг - ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад»,-гуфт ӯ.
Дар ҷараёни чорабинии идона бо Фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандон рутбаҳои дараҷавӣ тақдим гардиданд.