Ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатии худ аст, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои парчам, нишон ва суруди миллӣ мебошад.
Парчамдориву парчамбардории халқи тоҷик таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрўз давраи тўлониро тай намудааст.
Таҷрих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд.
Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла, истилоҳи «парчам» аз вожаи забони суғдии «parčam» сарчашма гирифта, ба маъноҳои овеза ё ливо омадааст.
Вобаста ба парчамдории давлатҳои абарқудрати ниёкони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд:
«Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд ва он парчам рамзи як давлати нирўманди замона ба ҳисоб мерафт.
Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик Абурайҳони Берунӣ ба муборизаи Коваи Оҳангар ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад.
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандўстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар маълумоти арзишманд оварда шудааст.
Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Мардум зери «Дирафши Ковиён» ҷамъ омаданд. Аз он замон сар карда, Парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт.
Дар асри 20 дар баробари Парчами давлати Шуравӣ парчами ҶШС Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз эҳёи давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод. Дар асри гузашта зери ин парчам мардум ба сўи корнамоиҳои бузург мерафтанд, миллионҳо фарзандони содиқи давлати Шўравӣ ҷони худро барои ҳимояи Ватан бо муқаддастарин парчами давлат нисор карданд.
Парчам ҳарчанд дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик мақоми шоистаеро касб карда бошад ҳам, вале то таъсисёбии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон, кишвари мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии мустақил набуд.
То соли 1929 дар ҳуҷатҳои муҳимтарини давлатию ҳукуматӣ, дар муҳрҳо ва варақаҳои соҳавии ташкилоту муассисаҳо акси нишон ва парчами ҶШС Ўзбекистон нақш баста буд.
Дар асри сипаригардида 20 марти соли 1953 Укази Президуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағироту иловаҳо ба байрақи РСС Тоҷикистон интишор гардид.
Мувофиқи он матои байрақ аз чор рахи ранги уфуқӣ: рахи сабз даҳяк ва рахи поён сурх панҷяки байрақро мегирифт, ташкил ёфта, дар рахи сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд.
Ранги сурх - ифодаи анъана ва муборизаи инқилоби халқи Шўравӣ;
Ранги сафед - инкишофи пахтакориро ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолот;Ранги сабз - аз мавҷудияти боғу токзорҳо, дарахтпарварӣ шаҳодат медод, ки ин рангу ифодаҳо то даврони истиқлол боқӣ монданд.
Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон масъалаи тағийр ва қабули рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ба миён овард. Ҳанўз 12 ноябри соли 1991 Президуми Шўрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон бо назардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул намуд.
Низомномаро дар бораи шартҳои асоси барои беҳтарин акси Нишон ва Парчам эълон намуд.
Бо назардошти талаботҳои озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон иборат аз 20 нафар таҳти Раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он рассомон, наққошон, олимон шомил гардиданд.
Дар натиҷа ба кори комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз ин ҳама пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчаме ҷои аввалро соҳиб гардид, ки сарварии гурўҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба уҳда дошта, муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиев гардид.
Парчам барои тасдиқ ва қабул ба Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуд.
Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзўву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Тавре зикр гардид, пайдоиши Парчам дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ба муборизаи Коваи Оҳангар ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта иртибот дорад. Мардум зери «Дирафши Ковиён» ҷамъ омаданд ва барои адолату иттиход, суботи ҷомеа ва зиндагии осоишта камар бастанд. Аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифт.
Имрўз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
Дар таърихи 29 октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рўзи Парчами давлатӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рўзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.
Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 ноябри ҳамон сол Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард.
Ин инқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда аз ҳар як сокини кишвар, ҳисси баланд ватандўстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрўзаро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.
Зеро Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ рамзҳои асоси давлат буда, муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта воситаи тарғибу ташвиқи мақсад ва нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.
Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007, №254 муқаррар мекунад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунча буда, дар он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, рахи боло ранги сурх дорад, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди байн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад.
Дар рўи рахи сафед аз ҷои чўбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.
Рангҳои парчам ва тасвирҳои дар он нақшгардида рамзҳои махсусро ифода мекунад.
Ранги сурх - рамзи шуои офтоб, равшанӣ, сурхрўйӣ, дониш, таърих, фарҳанг, ҳаёти ҷовидон, ифтихор матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолӣ аст.
Вобаста ба рангҳо ва тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд:
«Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ранги сурх - муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфойӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад.
Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мардуми шарафманди тоҷик беш аз 30 сол аст, ки зери парчами парафшони худ, зери сиёсати бунёдкоронаву созандаи Роҳбари оқилу тавоно - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матин ва азми қавӣ роҳи бунёдкориву созандагӣ гомҳои устувор гузоштаанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки мо ҳама дар зери ин парчам сарҷамъ шуда, Ватани азизи худро боз ҳам ободу зебо менамоем.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сўи ягонагию ваҳдат сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад.
Ашурова Муҳайё Зарифовна,
нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон