Дар баробари ин, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он рамзҳои давлатиро дар сатҳи Конститутсия муқаррар намуд.
Алалхусус, моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ бахшида шуда, тибқи он рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.
Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.
Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 таҳти № 892 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иборат аз 10 боб тасдиқ карда, дар он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид. 12 майи соли 2007 бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар он тартиби афрохтани Парчам, ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардида, Парчам ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда, 24 ноябр - Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид қонунӣ гардонида шуд.
Ҳамзамон роҷеъ ба муҳимияти Парчами давлатӣ дар байни рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ва махсусияти симои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ аз 23- ноябри соли 2010 ба шарафи Парчами Тоҷикистон моҳияти рангҳои онро чунин маънидод намуда буданд: “Рангҳои парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад.
Ранги сурх- рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- ранги хушбахтӣ, орзу ормон ва умед, ранги сабз- рамзи гулгулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрақ тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад”.
Бинобар ин арҷгузорӣ ва эҳтироми волои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ, вазифаи муқаддас ва ифтихори милливу ватандории ҳар як фарзанди баору номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Султон Зебониссо Рушан, мудири Бахши САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе