Имрӯз, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид.
Муовини аввали Вазири адлия Нигина Ализода таҷлили ин ҷашни фараҳбахш барои мардуми Тоҷикистонро ифтихори бузург унвон намуд.
Ба гуфтаи Нигина Ализода муҳимтарин комёбиву дастовардҳои мамлакат натиҷаи иқдомҳои қаҳрамононаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати фидокоронаи мардуми Тоҷикистон мебошад.
«Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардуми мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд.
Мукофоти ин ҳама заҳматҳо, ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки нисбат ба Роҳбари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори эътирофгардида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ мунтазам иброз мегардад.
Бузургтарин дастоварди Роҳбари давлати мо, бешубҳа, барқарор кардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст», -изҳор намуд Муовини аввали Вазир.
Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода талошҳои Роҳбари давлат дар баланд бардоштани нуфуз байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалиро ниҳоят бузург ва саривақтӣ донист.
«Мардуми сипосгузори тоҷик барои муборизаҳои ҷоннисоронаи Сарвари худ дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон ӯро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пешбарӣ карданд. Дар воқеъ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» санади одилонаву таърихӣ мебошад, ки 14-уми ноябри соли 2016-ум қабул карда шуд», иброз намуд мавсуф.
Воқеан ҳам бояд гуфт, ки қабули Қонуни мазкур нишонаи возеҳи қадршиносии самимонаи мардуми Тоҷикистон аз корномаҳои сарнавиштсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ифтихору шукргузории мардуми тоҷик аз фарзанди ҷаҳоншумули худ мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҷовидона сабт гардидаанд.