Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи арҷгузорӣ ба шахсияти сиёсию таърихиест, ки нақши сарнавиштсоз дар барқарор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли беш аз се даҳсола бо сиёсати хирадмандона, ваҳдатофарин ва давлатсозонаи худ кишвари тоҷиконро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун оварда, ба сӯи сулҳ, субот ва пешрафт раҳнамун кард.
Аз ҳамин ҷиҳат қонунгузорӣ мақоми ҳуқуқии «Пешвои миллат»-ро ҳамчун арзиши миллӣ ва рамзи пойдории давлат муқаррар менамояд. Заминаи ҳуқуқии мақоми Пешвои миллат дар моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.
Тибқи қисми панҷуми ҳамин модда, маҳдудияти ду муҳлати пайдарпайи президентӣ нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Ин муқаррарот эътирофи нақши беназири шахсияти миллӣ дар пойдории истиқлолият ва суботи давлат мебошад.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» вазъи ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар менамояд.
Тибқи моддаҳои ин қонун, Пешвои миллат шахсе эътироф мешавад, ки дар таъмини истиқлолияти давлатӣ, барқарории сулҳу ваҳдат ва таҳкими пояҳои давлат нақши ҳалкунанда дорад. Пешвои миллат соҳиби мақоми олӣ ва маънавии миллӣ буда, ҳомии истиқлолият, рамзи ваҳдати миллӣ ва кафили ягонагии давлат ҳисоб мешавад. Қонуни мазкур ваколат, кафолат ва салоҳиятҳои муайяни ҳуқуқиро барои Пешвои миллат муқаррар мекунад.
Ӯ ҳақ дорад дар масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳодҳои муҳим ироа кунад, ташаббусҳои иҷтимоиву фарҳангиро роҳандозӣ намояд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақши фаъол дошта бошад. Ҳамзамон, дахлнопазирии Пешвои миллат кафолат дода шудааст: ӯро бе ризоияти Маҷлиси миллӣ наметавон боздошт ё таҳти ҷавобгарии ҳуқуқӣ қарор дод.
Ин кафолат хусусияти рамзӣ дорад ва ҷиҳати ҳифзи устувории низоми давлатӣ ва рамзи идомаи давлатдории миллӣ мебошад. Ҳамзамон, Пешвои миллат пас аз қатъи ваколати президентӣ ҳуқуқ дорад бо нақлиёти хизматӣ ва ронанда таъмин бошад ва аз воситаҳои алоқа, аз ҷумла шиносномаи дипломатӣ ройгон истифода намояд.
Ба ӯ толорҳо ва қароргоҳҳои ҳукуматӣ барои мулоқотҳои расмӣ пешниҳод карда мешаванд, ки бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои техникию коммуникатсионӣ таъмин карда шудаанд. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат, Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода шудааст ва орден ва ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» барои хизматҳои шоён дар рушди давлат ва ҷомеа пешбинӣ шудааст.
Мақоми ҳуқуқии Пешвои миллат бо таҷрибаи давлатҳои гуногун ҳамсон нест, ки ин хусусияти миллии худӣ ва шароити таърихии Тоҷикистонро ифода мекунад. Дар шароити пасоҷангӣ ва эҳёи давлати миллӣ, қонунгузори тоҷик бо қабули ин қонун хост арҷгузории ҳуқуқиро ба шахсияти таърихӣ ва рамзи ваҳдат таъмин намояд.
Ин институт на танҳо ҷиҳати ҳуқуқӣ, балки паҳлуҳои сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии амиқ дорад. Бо қабули қонуни мазкур, қонунгузории миллӣ шакли баланди такомули сиёсиву ҳуқуқии худро касб намуд
Пешвои миллат ҳамчун арзиши миллии конститутсионӣ шинохта шуда, муносибати давлат ва ҷомеа ба шахсияти роҳбари давлат дар сатҳи ҳуқуқӣ танзим карда мешавад. Ин амал ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои истиқлол ва пойдории низоми конститутсионӣ мусоидат мекунад.
Дар натиҷа, мақоми ҳуқуқии Пешвои миллат дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ифодаи эҳтироми сиёсиву таърихӣ ба шахсияти роҳбар аст, балки нишони масъулияти миллӣ дар ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати давлатӣ мебошад.
Пешвои миллат имрӯз ҳамчун рамзи ҳамбастагии мардум ва устувории давлат хизмат мекунад, ки ба шарофати он Тоҷикистон тавонист роҳи рушди устувор, ваҳдат ва сулҳи пойдорро пайгирӣ кунад.
Холиқов Бахтиёр Розиқович, нотариуси давлатии идораи нориалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ