Дар таърихи давлатҳои ҷавон ва соҳибистиқлол рӯзҳое ҳастанд, ки бо мазмуну муҳтавои амиқи сиёсӣ ва миллӣ ҷойгоҳи хос пайдо намуда, ба рамзи худшиносиву ваҳдати миллӣ табдил ёфтаанд.
Барои халқи тоҷик низ яке аз чунин санаҳои пурифтихор 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин сана тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 15 апрели соли 2016 расман ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардад, ифодаи эҳтироми мардум ба роҳбари худ ва рамзи қадршиносии хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ин ҷашн на танҳо як санаи сиёсӣ, балки рамзи суботи миллӣ, ваҳдати давлатдорӣ ва устувории ҷомеа аст. Маҳз роҳбари хирадманд дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос ва сарнавиштсози таърихи навини тоҷикон тавонист миллати парокандаро сарҷамъ намояд, сулҳу амният ва ваҳдатро ба кишвар баргардонад. 16 ноябри соли 1992 дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ба сифати нуқтаи бозгашт ва оғози сулҳу ваҳдат сабт шудааст.
Дар ин рӯз, дар шаҳри Хуҷанд, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон бо иттифоқи оро раиси Шурои Олӣ интихоб шуд. Он вақт кишвар дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, иқтисод фурӯпошида, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буданд.
Қарорҳое, ки дар ин иҷлосия қабул гардиданд, на танҳо Тоҷикистонро аз нобудӣ наҷот доданд, балки пояҳои давлати миллиро устувор карданд. Яке аз иқдомҳои аввалини роҳбари нав ин ташкили ҳукумати қонунӣ, оғози музокироти сулҳ ва таҳияи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ буд.
Бо ҳамин роҳ марҳалаи нав дар таърихи давлатдорӣ — марҳалаи эҳё ва таҳкими суботи миллӣ оғоз ёфт. Соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва кишвар ба шакли давлати президентӣ гузашт.
Бо қабули ин Конститутсия, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти аввалини давлати соҳибистиқлол савганд ёд намуд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, таҷлили Рӯзи Президент дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муқаррар шудааст. Гарчанде ин рӯз рӯзи истироҳат нест, аммо дорои мақоми расмии давлатӣ буда, ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, сулҳ ва истиқлолияти давлатӣ шинохта мешавад.
Он таҷассумгари миннатдории мардум нисбат ба роҳбарии хирадмандона ва сиёсати давлатсозонаи Пешвои миллат мебошад. Мақоми Президент дар низоми конститутсионии давлат басо муҳим аст.
Тибқи моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, ҳомии Конститутсия ва кафили истиқлолият, ваҳдат ва пойдории давлат мебошад. Ба ӯ салоҳиятҳои васеъ дода шудаанд — аз роҳбарии Ҳукумат ва таъмини амният то муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар.
Ҳамин мақоми калидӣ имконият медиҳад, ки роҳбар тавонад сиёсати давлатро мутобиқ ба талаботи замон ва манфиати миллат роҳнамоӣ кунад. Сулҳ ва суботи миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи сиёсати оқилона ва иродаи қавии Пешвои миллат аст. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Ин санад Тоҷикистонро ба роҳи ваҳдат ва эҳёи миллӣ раҳнамун сохт ва оғози давраи нави рушди давлатдориро фароҳам овард. Дар тӯли солҳои минбаъда, Пешвои миллат бо сиёсати дурбинонаи худ тавонист тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро эҳё ва таҳким бахшад — аз иқтисод то маориф, аз бунёди роҳу нерӯгоҳҳо то рушди артиш.
Ҳамин тавр, суботи давлатӣ ба воқеияти пойдор табдил ёфт.
Аз ҷиҳати маънавӣ, Рӯзи Президент таҷассуми арҷгузорӣ ба шахсияти он роҳбарест, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, онро ба роҳи рушду тараққӣ бурд. Ин сана рамзи эҳтиром ва садоқати мардум ба давлат ва роҳбари худ аст, ки бо сиёсати хирадмандона ва адолатпарварона тавонист пояҳои ваҳдату сулҳро таҳким бахшад.