Дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ- ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд.
Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд.
Воқеан ҳам, роҳи рушду тараққиёти ҳар давлату миллатро Конститутсияи он, ки халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст, муқаррар мекунад.
Маҳз ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллат аз Конститутсия сарчашма гирифта, он ба таҳкими равандҳои неки ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз инсони дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон мекунад. (моддаи 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад).
Конститутсияи Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятиеро танзим менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлат, ҷомеа ва фард вобаста мебошанд.
Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи 31-солаи амали Конститутсия бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон таъмин карда шуда, онҳо аз ҳар гуна тахдидҳои нави ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дошта шаванд. Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
Зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд. Дар ин замина, ҳар фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад.
Аз ҷониби дигар, аз назари олимону ҳуқуқшиносон, бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабар ҳастанд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст.
Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад ҳамчун шахси соҳибмаърифат дар рушд ва пешрафти рӯзгори худу хонавода ва ҷомеа саҳм гузорад.
Бояд гуфт, ки қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба мамлакати ободу зебо табдил ёфтани Ватани мо мусоидат намуд.
Ин аст, ки 31-солагии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти комилан устувори иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ қарор дорад, ки ин фаҳмиши наву мукаммали маърифати ҳуқуқиро тақозо менамояд.
Табиист, ки бе барномаву консепсияи мушаххас вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ ва механизми самарабахши татбиқи амали он ба ин ҳадафҳо ноил гардидан ғайриимкон аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсозу шиносномаи давлату миллат, роҳнамои расидан ба орзую омоли халқ, заминаи низоми ҳуқуқии давлат, сарчашмаи рушди қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо, таъмингари соҳибихтиёрии давлат, инъикосгари қонунияту адолати иҷтимоӣ ва баёнгари ҳокимияти халқ, инчунин таҷассумгари принсипҳои хирадсолорию инсонмеҳварӣ дар мактаби сиёсии Пешвои миллат буда, таҷлили ҷашни 31-солагии қабули он нишони арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддаси миллӣ аз ҷониби кулли шаҳрвандони Ватанамон маҳсуб мешавад.