Дар таърихи ҳар як давлату миллат давраҳое вуҷуд доранд, ки ба сарнавишти он самти муайян медиҳанд ва роҳнамои наслҳои оянда мегарданд.
Барои миллати тоҷик чунин давра аз 6 ноябри соли 1994 оғоз ёфт, замоне ки бо иродаи умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули он на танҳо пояи истиқлолияти миллӣ, балки оғози давраи нав — давраи бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ҳуқуқбунёд гардид.
Аз ҳамон рӯз то имрӯз 31 сол сипарӣ мешавад ва ин солҳо давраи устувор гардидани адолат, эҳтиром ба қонун, озодии шаҳрванд ва таҳкими пояҳои давлатдории демократӣ ба ҳисоб мераванд. Конститутсия аз лаҳзаи қабул шуданаш бо ҳадафи асосӣ — таҳкими адолат ва ҳимояи ҳуқуқи инсон таҳия гардида буд.
Зеро таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки бе адолат ва бе эҳтиром ба ҳуқуқи инсон на давлат метавонад устувор бошаду на ҷомеа метавонад пеш равад. Ҳақ ба адолат, озодӣ ва баробарӣ аз арзишҳои бунёдии инсонӣ мебошанд, ки Конститутсия онҳоро эътироф ва ҳимоя мекунад. Дар солҳои аввали истиқлолият, вақте ки кишвар дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, адолат, қонун ва ҳуқуқ аз арзишҳои фаромӯшшуда ба шумор мерафтанд.
Мардум ба ноумедӣ гирифтор шуда буданд, сохторҳои давлатӣ заиф ва низоми ҳуқуқӣ хароб гашта буд. Дар чунин шароит қабул шудани Конститутсия умеди нав бахшид — умеди барқароршавии адолат, оромӣ ва баробарии шаҳрвандон.
Дар тӯли 31 сол, Тоҷикистон роҳи таҳкими адолатро аз санҷишҳои зиёд гузаронд.
Дар ин давра, давлат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо ислоҳоти амиқи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низоми адолатпарварро дар кишвар барпо намояд.
Аз ҷумла, бо ташкили Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Дастгоҳи прокурорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адвокатура, давлат заминаи мустаҳками ҳимояи қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандонро фароҳам овард. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолат ҳамчун меъёри асосии ҷомеа пазируфта шудааст.
Ҳеҷ як қонун ё амали давлатӣ набояд мухолифи Конститутсия ва ҳуқуқи инсон бошад.
Ҳамаи мақомоти давлатӣ, новобаста аз сатҳи онҳо, вазифадоранд адолатро дар амал татбиқ намоянд. Ин принсипи муҳими давлатдории ҳуқуқбунёд аст, ки хушбахтона дар ҷомеаи имрузи мо ин принсип ҷорӣ аст. 31 соли гузашта нишон дод, ки татбиқи Конститутсия ба таври амалӣ чӣ гуна имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Дар ин муддат даҳҳо қонуни муҳими соҳавӣ қабул шуданд, ки ба ҳимояи ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон, баробарии гендерӣ, озодии сухан ва афкор, ҳуқуқи кӯдакон ва ҷавонон равона шудаанд. Давлат сиёсати иҷтимоиро бар асоси адолат ба роҳ монд. Ҳамзамон, дар тамоми кишвар барномаҳои давлатии омӯзиши қонун ва баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудаанд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бояд донад, ки ҳуқуқи ӯ чӣ гуна аст ва чӣ гуна онро ҳимоя карда метавонад. Ин сатҳи шуури ҳуқуқиро боло бурда, ҷомеаро ба такмили маърифати ҳуқуқӣ водор намудааст. Адолат на танҳо дар додгоҳ, балки дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум таҷассум меёбад.
Масалан, дар сиёсати иҷтимоии давлат, ки бар пояи баробарӣ ва имкониятҳои баробар барои ҳама бунёд шудааст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон — новобаста аз миллат, нажод, забон, дин ва ҷинс ва монанди инҳо ҳуқуқи баробар дорад. Занон дар ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ фаъолият доранд, ҷавонон ба таҳсил ва кор дастрасӣ доранд, ва кӯдакон аз ҳимояи давлатӣ бархӯрдор ҳастанд.
Дар давраи истиқлолият, Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувори ҳифзи иҷтимоиро пеш гирифт. Мақсади асосӣ ин таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва коҳиши камбизоатӣ аст. Дар ин замина, маориф ва тандурустӣ рушд ёфтанд, сатҳи саводнокӣ баланд гардид, имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон васеъ шуданд. Ҳамаи ин натиҷаҳо бе адолат ва бе пояи Конститутсионӣ имконнопазир буданд.
Адолат дар ҷомеа танҳо бо татбиқи қонун амалӣ намешавад, балки бо адолат дар дили инсон оғоз меёбад. Вақте ки шаҳрванд медонад, ки давлат ба ӯ ҳуқуқ додааст ва ӯ метавонад онҳоро истифода кунад, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва эътимод ба давлат баланд мешавад. Ин эътимод яке аз арзишҳои гаронбаҳои ҷомеаи муосири тоҷик аст.