Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат, пояи мустаҳками ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз тавассути Конститутсия давлат низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии худро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин мекунад. Барои миллати тоҷик низ Конститутсия санади муқаддасе мебошад, ки ҳастии давлат ва ваҳдати миллиро таъмини қонунӣ ва воқеӣ додааст.
Дар таърихи нави миллати тоҷик, санаи 6-уми ноябри соли 1994 ҳамчун рӯзи эҳё ва таҳкими давлати соҳибистиқлол сабт гардидааст.
Маҳз дар ин рӯз тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули Конститутсия оғози марҳалаи нави давлатдории миллӣ буд, зеро он ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мазмуну самти устувор бахшид.
Ин санад ҳамчун рамзи ваҳдат, сулҳ ва эҳёи миллӣ шинохта мешавад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон давраи бисёр душвори таърихиро аз сар мегузаронид. Низоъҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ пояҳои давлатдории ҷавонро таҳти хатар қарор дода буданд.
Дар чунин шароит қабули Конститутсия натанҳо як амали сиёсӣ, балки як амри тақдирсоз барои наҷоти миллат гардид. Он халқро муттаҳид намуд, ба давлат пояи қонунӣ бахшид ва асоси барқароршавии сулҳу субот гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, арзишҳои умумибашариро фаро гирифта, ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари худ қарор додааст.
Дар моддаи якуми Конститутсия омадааст, ки «Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад».
Ин ҷумлаи кӯтоҳ, вале пурмазмун, самти рушди минбаъдаи ҷомеаи тоҷикро барои наслҳои оянда муайян намудааст. Соҳибистиқлолӣ барои ҳар миллат муқаддастарин арзиш аст. Истиқлолият маънои озодӣ дар қарор, интихоб ва сиёсати миллӣ дорад.
Аммо бе пояи қонунӣ, яъне бе Конститутсия, истиқлол наметавонад устувор бошад. Конститутсия аст, ки ба истиқлол мазмуни ҳуқуқӣ мебахшад ва онро аз як орзу ба воқеият табдил медиҳад.
Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон эҳтиёҷ ба қонуни асосии худ дошт, то низоми нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро муайян созад. Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, лоиҳаи Конститутсия таҳия гардида, пас аз баррасии умумихалқӣ дар соли 1994 қабул шуд.
Аз ҳамон рӯз то имрӯз Конститутсия ҳамчун санади асосии давлат ва рамзи соҳибистиқлолии миллӣ амал мекунад. Дар он принсипи тақсимоти ҳокимият, яъне се шохаи мустақили он — қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар гардидааст. Ин низом кафолати он аст, ки ҳокимият ба дасти як шахс ё гурӯҳ мутамарказ намешавад ва адолат таъмин мегардад.
Ҳамин тавр, Конститутсия давлатро дар масири демократия, ҳуқуқбунёдӣ ва суботи сиёсӣ қарор дод. Дар партави он қонунҳои зиёд қабул гардиданд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва муносибатҳои иҷтимоиро ба танзим медароранд.
Яке аз муҳимтарин арзишҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мекунад, ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдат буд, ки Тоҷикистонро аз ҳолати ҷанг ва парокандагӣ ба сулҳ ва оромӣ овард. Қабули Конститутсия дар замони буҳрони сиёсӣ қадами аввалин ба сӯи ризоияти миллӣ ва иттиҳоди мардум гардид.
Конститутсия бо муқаррар намудани ҳуқуқу озодиҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз миллат, забон, дин ва эътиқод, асоси сулҳу ҳамзистии осоиштаро фароҳам овард.
Он ҳар гуна табъизро манъ мекунад ва шаҳрвандонро дар назди қонун баробар мешиносад.
Баъдан, бар асоси ин санади муқаддас, замина барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 фароҳам омад.
Аз ҳамин сабаб, Конститутсияро метавон на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки омили асосии барқарории сулҳу ваҳдат номид. Имрӯз, пас аз 31 сол, Тоҷикистон намунаи воқеии кишвари ваҳдатофар ва сулҳпарвар мебошад.
Сиёсати давлатдорӣ ва муносибати хирадмандонаи роҳбарият бо такя ба принсипҳои Конститутсия ба суботи комил оварданд. Ваҳдати миллӣ ба нерӯи тавонои пешрафти давлат табдил ёфтааст.