Яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд.
Воқеан, Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар миқёси собиқ давлати абарқудрат яке аз аввалинҳо шуда, бо азму иродаи мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон гардид.
Бояд тазаккур дод, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо менамояд.
Имрӯз роҳи рушди тараққиёти ҳар як давлату миллатро конститутсияи он, ки халқ дар интихоботи озоду демократи қабул намудааст, муқаррар мекунад.
Воқеан, ин санади олии ҳуқуқӣ майлу иродаи мардуми масъулиятшинос, таҳаммулпазир, бунёдкунандаи ҷомеаи адолатпарвар ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани халқи Тоҷикистонро ифода намуд, ки омили муҳим ба ҳисоб меравад.
Чунки дар шароити муосир ягон давлату миллат дар алоҳидагӣ, бе робитаю ҳамкориҳои мутақобила бо ҳамдигар, наметавонанд ба инкишоф ва пешравиҳо ноил гарданд.
Аз ин рӯ, бо меъёрҳои конститутсионӣ сиёсати Тоҷикистон дар самти муносибатҳои хориҷӣ ҳамчун давлати сулҳпарвару эҳтиромкунандаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон муайян гардид.
Натиҷаи татбиқи ин меъёри конститутсионӣ аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шуда, давлатҳои дунё бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намудаанд.
Минбаъд дар ин замина пеш гирифтани сиёсати “дарҳои кушод” барои боз ҳам инкишофу тараққиёти Тоҷикистон имкониятҳоро фарохтар намуд.