Проблемаҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстримизм, проблемаҳои инсонӣ, ҳамкории судманди иқтисодӣ давлатҳоро бо ҳам боз ҳам наздиктар мегардонад, ки асоси ҳамаи инро соҳибихтиёрии давлатӣ ташкил медиҳад.
Даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо ба таърихи бою рангини илму фарҳанги хеш, тамаддуни волои аҷдодони бузургамон, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, аз мавқеъи тозаи вобаста ба воқеъияти муосир назар афканем ва аз ганҷинаи пурбори маънавиёти мардуми кишвар сермаҳсултар истифода намоем.
Қобили қайд аст, ки дар вақти тарҳрезии ҳамагуна муқаддасоти ба сохти давлату давлатдорӣ вобаста буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, болоравии сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, муқаддас доштани марзу буми кишвар саъю кўшишҳои пайгирона ба харҷ медиҳанд. Баъди давлати мустақил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ба таври куллӣ аз нав сохтани тамоми пояҳои ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо ҳаёти давлати соҳибихтиёр ташкил ёфта, шаҳрвандаш умр ба сар мебарад, пайдо шуд.
Барои ҳалли ин масъала аллакай корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Қонуну санадҳои меъёрии зиёде, ки ба ҳаёту фаъолияти идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, ҳифзи миллӣ, сиёсати хориҷӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дахл доранд, қабул карда шуда ба ҳаёт татбиқ гашта истодаанд.
Лоиҳаи ин ҳама қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ бо иштироки олимон - ҳуқуқшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ ва ҳуқуқшиносони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ кор карда баромада шуда, экспертизаи мустақили эътиборноки ташкилотҳои байналхалқӣ ва мутахассисони хориҷиро гузаштаанд.
Дар ин раванд ба талаботи замон, расму оин, хусусиятҳои хоси миллию фарҳангӣ ва маънавиёти халқамон мутобиқ гардонидани рукнҳои асосии давлатдорӣ, аз ҷумла қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низом ва тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ мисол шуда метавонад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бо тарафдории зиёда аз 80% раъйдиҳандагон қабул карда шуд, тавонист ин хусусиятҳои давлату давлатдориро дар худ таҷассум намуда, асосҳои демократияро ба миён орад, ки то имрӯз ин санади муқаддас ҳаёти тамоми шаҳрвандони кишвари азизамонро дар пояҳои қонуни нигоҳ медорад.
Назарзода А.Ш. Мудири кафедраи ҳукуки ҷиноятии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон