17-уми октябри соли равон муовини вазири адлия Зафар Сафарализода дар ҷаласаи 15-уми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд. Ҷаласаи мазкур дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия баргузор гардида, мавзуи асосии он масъалаҳо оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо буда, пешрафту дасторвардҳои ҷонибҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо инчунин доир ба нақшаҳои кории дар пешистода мубодилаи афкор намуда, аз пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таъкид карданд.