Тоҷикистон аз рӯзҳои якуми ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ояндаи худро дар барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, қадамҳои устувори худро дар ин самт бо боварии комил гузошт. Мамлакат бо ин мақсад баҳри таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар карда истодааст. Ин бо он алоқаманд аст, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити ҷаҳони муосир ба таври назаррас осебпазир гардида, дар ҳолатҳои алоҳида, дар муқобили таҳдидҳои гуногун ва хатарзо - гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, экстремизм ва терроризм, сӯиқасд ба ғасби ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти он, ҷиноятҳои киберӣ қарор дорад.
Хатарҳои мазкур дар навбати аввал низоми мӯътадили муносибатҳои ҷамъиятӣ ва раванди амалишавии бомайлони ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро халалдор намоянд, дар навбати дигар ба тамомияти арзӣ, ягонагии ҳокимияти давлатӣ, амнияти миллӣ ва давлатӣ таҳдид мекунанд. Вобаста ба ин, таъкид дошта мешавад, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳу-роти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз паёомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби парламент ва ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зериқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар ҳудуди он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар ҳудуди кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирӣ кардани сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм аз 2 январи соли 2019, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2021 тасдиқ карда шудааст, Созишнома оид ба мубодилаи иттилоот дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроваронаи экстремизм, инчунин маблағгузории онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 2018, №585 тасдиқ карда шудааст ва санадҳои ҳуқуқии монанд ба инҳо.
Дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ доранд, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мубориза баранд. Зеро, чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иброз доштанд: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст».
Доштани донишҳои комили ҳуқуқӣ имконият медиҳанд, ки зиракии сиёсӣ тақвият дода шуда, сабаб ва омилҳои барои таҳдидҳо мусоидаткунанда, истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти интернет, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ, надоштани донишҳои ҳуқуқӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ пешгирӣ ва бартараф карда шуда, пояҳои асосии усту вории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона барпо карда шаванд.
Б. Умарзода, нотариуси давлатии Идораи нотариалии
давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе