Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, муборизаро бо зуҳуроти хатарноки асри XXI яъне, терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ самти афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии худ қарор додааст.
Ин мавқеи устувор дар ҳамаи санадҳои стратегии давлатӣ ва баромадҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хосро ишғол менамояд.
Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки созмонҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ кӯшиш доранд мафкураи ҷавононро таҳриф кунанд ва фазои орому суботи ҷомеаро ба ҳам зананд.
Пешвои миллат бо таъкиди ҷиддӣ изҳор доштанд, ки: «Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш мекунанд».
Терроризм ва экстремизм, танҳо зуҳуроти ҷиноятӣ набуда, балки таҳдидҳои мустақим ба амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Зуҳуроти ин падидаҳо, бо истифода аз номи дини мубини Ислом, боиси гумроҳсозии қисми муайяни ҷавонон ва истифодаи онҳо дар мақсадҳои ифротӣ мегарданд.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «экстремизм» ҳамчун фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва динӣ равона шудааст, муайян гардидааст. Терроризм бошад, ба сифати зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он барои ба дасти худ гирифтани таъсир ба қарорҳои давлату ҷамъият таъриф шудааст. Ба қонуншиканҳое, ки дар ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ширкат меварзанд, ҷазои сахт пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта дар моддаҳои 307 то 307⁴ ва инчунин дар моддаҳои 157, 160, 188, 189, 237, 243 ва дигарон пешбинӣ шудаанд.
Ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ бошад, тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», дар 22 таркиби ҳуқуқии ҷиноятӣ муайян гардидаанд, ки аксаран дар моддаҳои 179 то 194 ва 310 инъикос ёфтаанд. Хусусиятҳои ба ҷомеа хавфнок ва сатҳи баланди хатарнокии ин ҷиноятҳо, зарурати муборизаи ҳамаҷониба бо терроризм ва экстремизмро тақозо менамояд.