Тараққиёт ва истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тамоили глобалии рушди ҷаҳонӣ ва инқилоби илмию техникии даҳсолаҳои охир маҳсуб меёбад.
Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ рушд намуда, зарурати дар шакли муосир ва ба талабот ҷавобгу танзим ёфтани муносибатҳо ва бо дарназардошти рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ қадам гузоштанро тақозо менамояд.
Имрўзҳо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳарчи зудтар бо истифода аз техналогияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ рушд намуда, ҷаҳонро идора намоянд. Агар ба таърихи пайдоиши технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ назар афканем, дар чил соли охир рушди бемайлони он зиёд ба назар мерасад.
Баъди солҳои 90-ум дар ҷаҳон системаи нави моҳворавие пайдо шуд, ки имрӯз бе истифодаи он тасаввур намудани зиндагӣ душвор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соли 2003 рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ба назар расида, ба тадриҷ ишкишоф ёфт. Глобализатсия ва рушди техналогияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тағйироти куллӣ овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлоли сиёсиву ҳуқуқӣ ва қабули Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ барои дигар соҳаҳо ҳаёти ҷомеа муҳайё шуд.
Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2003, тасдиқ шудааст, қабул намуд.
Стратегияи мазкур барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва молиявии баамалбарориро, ки асоси онҳоро принсипҳои муносибати барномавию мақсадноки тибқи мониторинг ва шаффофии иҷрои онҳо ташкил медиҳанд, муайян намуд, ки ҳамчун омили муҳимтарини болоравии иқтисодиёти миллӣ, афзоиши фаъолияти корию зеҳнии ҷамъият, баландшавии обрўю эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ миёни кишварҳои пешрафта заминаи рушдро фароҳам овард.
Бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 апрели соли 2013 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати мамлакатро вазифадор намуда буданд, ки дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад.
Маҳз андешидани тадбирҳои муассир баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо шароити дар фазои мустақили иттилоотиву коммуникатсионӣ фаъолият намуданро рӯи кор омад. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур гузариш ба техналогияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намудаст, ки раванди кори мақомоти давлатиро дар шакли муосир, яъне ба тариқи электронӣ ба роҳ монад.
Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011 тасдиқ шудааст, яке аз санадҳое мебошад, ки бо мақсади ноил гардидан ба идоракунӣ соҳаҳо бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд, сатҳи дастрасӣ ба иттилоот, ташаккули низоми ягонаи табодули иттилоотӣ ва ҳавасмандкунии иқтисодии бо истифода аз Интернет ва технологияҳои муосири технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери мафҳуми ҳукумати электронӣ шакли нави ташкил намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ сатҳи нави фаврият, муносиб аз ҷониби шаҳрвандон ва муассисаҳо дарёфт намудани хизматҳои иҷтимоиву иттилоотӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин мекунад, фаҳмида мешавад.