Забон на танҳо воситаи муошират, балки унсури асосии давлатдорӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф шудааст. Мавқеи ҳуқуқии он дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки тибқи он забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад.
Ин муқаррарот забонро ҳамчун рукни давлатдорӣ ва рамзи истиқлолияти миллӣ ҳифз менамояд.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон масъалаи забон ҳамеша ҷойгоҳи хос доштааст. Аввалин Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қабул гардида, барои расман эътироф шудани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ замина гузошт.
Баъдан, бо дарназардошти талаботи замон ва рушди давлатдорӣ, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки асосҳои ҳуқуқии истифодаи забонро ҳамаҷониба танзим намуд.
Дар идома, соли 2023 ба қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки мақсад аз он такмил додани заминаи ҳуқуқии истифода ва ҳимояи забони давлатӣ мебошад. Аз нигоҳи арзишҳои таърихӣ, забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини Шарқ ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо забони адабиёт, илм, фарҳанг ва давлатдорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он буд.
Осори бузургони маъруфи тоҷику форс, мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба ҳамин забон навишта шудаанд.
Ин мероси гаронбаҳо шаҳодати он аст, ки забони тоҷикӣ на танҳо арзиши миллӣ, балки аҳамияти умумибашарӣ низ дорад. Ҳамин тавр, забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ, балки арзиши таърихӣ, фарҳангӣ ва рамзи ҳувияти миллӣ маҳсуб меёбад. Таърихи забони давлатӣ таърихи давлатдории миллати тоҷик мебошад.
Маҳз бо забон миллат арзи вуҷуд мекунад, ҳувияти худро ҳифз менамояд ва дар арсаи ҷаҳон шинохта мегардад.
Тибқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст онро биомӯзад ва истифода намояд.
Давлат бошад, шароит фароҳам меорад, то омӯзиш ва такмили забондонӣ дар ҳама соҳаҳо таъмин гардад.
Ин равиш на танҳо заминаи қонунии истифодаи забонро фароҳам меорад, балки ба ҳимояи истиқлолияти миллӣ низ хизмат мекунад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи забони давлатиро ба таври возеҳ ва мукаммал муқаррар намудааст.
Мутобиқи моддаҳои 5–7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳияи тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин мукотиба ва ҳуҷҷатгузорӣ бояд танҳо ба забони давлатӣ сурат гиранд.
Ин меъёр на танҳо истифодаи расмии забони тоҷикиро таъмин мекунад, балки он ба сифати пояи ҳуқуқӣ ва сутуни асосии давлатдорӣ хизмат мерасонад. Дар ҳамин замина, забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки ҷузъи ҷудонашавандаи низоми ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар эътироф мегардад.
Бо вуҷуди мавқеи хоси забони давлатӣ, Қонунгузорӣ ҳуқуқи дигар миллатҳои сокини кишварро низ ба эътибор мегирад. Моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифодаи озоди забонҳои модарии онҳо, аз ҷумла забонҳои помирӣ ва яғнобиро кафолат медиҳад.
Ин далел нишон медиҳад, ки забони давлатӣ воситаи ҳукмфармоӣ нест, балки омили ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар ҷомеаи бисёрмиллатии Тоҷикистон мебошад. Дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг (моддаҳои 8–11) таъкид шудааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони асосӣ амал мекунад. Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ аст, ки ин кафолати пойдории он дар наслҳои оянда мебошад.
Ҳамзамон, имконият барои таҳсил ва таҳқиқ ба забонҳои дигар низ мавҷуд аст, ки ин сиёсати забонӣ ва фарҳангии давлатро баён мекунад.