Инсоният дар таърихи мавҷудияти худ ба як қатор дастовардҳои бузурге комёб гардидааст, ки онҳо барои ҷомеаи инсонӣ нақши бениҳоят пурарзиш дошта, баҳри инсоният хидматҳои шоёнеро ба сомон расонида истодаанд.
Яке аз чунин дастовардҳои гаронмоя, ки баҳри миллати тоҷик насиб гардидааст, ин забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад.
Халқи тоҷик мисли дигар халқиятҳо дорои як қатор дастовардҳоест, ки онҳо дар таърихи башариёт ва таммадуни инсонӣ нақши калидиро иҷро намудаанд.
Забони тоҷикӣ яке аз беназиртарин дастовари миллати тоҷик буда, он мисли оина таҷассумгари таърих, фарҳанг ва оини миллии мост. Забони тоҷикӣ дар арзи ҳастии худ бисёр шебу фарозҳоеро паси сар намуда, имтиҳоноти вазнини таърихиро сарбаландона паси сар намудааст ва нахи мавҷудияти миллати тоҷикро то ба мо пайваст намудааст.
Ҳанӯз ҳазор сол муқаддам забони ноби тоҷикӣ дар давраи Сомониён мақоми давлативу коргузориро касб намуда, ба авҷи камолоти худ расида буд.
Дар ташаккул ва рушди он саҳми фарзанди барӯманди миллати тоҷик Исмоили Сомонӣ бағоят бузург аст, зеро маҳз дар замони салтанати ӯ, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Бо ин забон асарҳои мондагореро фарзандони фарзонаи ин миллат Рӯдакии бузургвор, Синои ҳозиқ, Ҳаким Фирдавсӣ, Берунӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Ҷомӣ ва дигарон эҷод намудаанд, ки онҳо шӯҳрати оламшумулро имрӯз касб намудаанд ва онҳо далели инкорнашаванда аз таърихи бостонӣ доштани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд. Пас аз суқути давлати Сомониён забони тоҷикӣ чандин маротиба зери таҷовузҳои аҷнабиён қарор гирифтааст.
Онҳо, ки бисёре аз осори гаронбаҳои таърихиву адабии миллати моро несту нобуд карданд ва мехостанд бо ин васила миллати тоҷикро аз байн баранд, маҳз бо воситаи забон, ки чун нури тобон нурафшонӣ мекарду ба фардои дурахшон ба қалбҳо ояндаи некро ҷой медод, натавонистанд ба ин нияти худ дастёб гарданд.
Новобаста аз ин ҳама номеҳрубониҳои таърих гузаштагони мо дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодии худ, гиромидошти тамаддун ва забони модарии худ мубориза бурдаанд ва маҳз бо шарофати доштани иродаи қавӣ ва ғурури миллии онҳо, забони тоҷикӣ бо ҳама бурду бохти худ, бо нигоҳ доштани ҷавҳари ҳастии худ то ба мо расидааст, яъне забони тоҷикӣ давраҳои душвортарини таърихиро паси сар намуда, вазифаи аслии худро иҷро намудааст, яъне, фарҳанг, оин, тамаддун ва аз ҳама дида, чизи арзишмандтарин номи миллатро бо худ нигоҳ доштааст.
Зеро дар шоҳраги мардуми бумии тоҷик ҳисси ватандӯстӣ ва пос доштани дастовардҳои миллии худ, ҳамеша дар ҳаракат қарор дошт. Таърих корнамоиҳои фарзандони фидоии худро, ки дар роҳи расидан ба ормонҳои миллии худ анҷом додаанд, аз саҳифаҳои хеш ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад кард ва номи неки онҳоро бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ хоҳад кард.
Саҳифаҳои нави рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ дар охири саддаи гузашта рост меояд, зеро дар нимаи дуюми солҳои 80-уми саддаи гузашта дар натиҷаи инкишофи равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ИҶШС ҳаракату созмонҳои озодихоҳ ба миён омаданд. Чунин равандҳо имконияти бартараф ва аз байн бурдани он норасогиҳое, ки дар сатҳи роҳбарияти олӣ вуҷуд доштанд, ба вуҷуд овард.
Яке аз масъалаҳои асосии раванди демократикунонӣ ин масъалаи баробарҳуқуқии халқияту миллатҳои ИҶШС буд. Тоҷикистон, ки узви кишвари бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ буд, аз чунин равандҳо бетафовут буда наметавонист. Дар назди давлати Тоҷикистон масъалаи меҳварӣ дар раванди демократикунонӣ, ин муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ буд.
Бо ташаббусу талошҳои хастанопазири фарзандони хештаншиноси миллат, пешниҳод карда шуд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад ва ниҳоят 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ» қабул карда шуд, ки мутобиқи он дар сатҳи ҷумҳурӣ забони тоҷикӣ, мақоми давлатиро расман ба худ касб намуд. Қонуни мазкур то соли 2009 мавриди амал қарор гирифт, ки дар давоми амали худ он ба як қатор дастовардҳои бузург мусоидат намуд.