5 October 2026
Дар ҷаҳони пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ном ва ҳурмату эҳтиром шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати соҳибихтиёру мустақили худро дошта бошад.
Аз ин ҷост, ки халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва бунёди давлати миллии худ ноил гардид. “Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳила маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9 сентябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд”.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва инкишофи пояҳои давлатдории нав, таъмини фазои ороми ҷомеа, таҳкими сулҳу суботи сиёсию иҷтимоии кишвар ва сарҷамъиву ваҳдати мардум ба монеаҳои вазнин дучор гардид, яъне барои Тоҷикистон расман ба ин неъмати бебаҳои миллӣ бисёр гарон афтод, чунки доираҳои гуногуни манфиатҳои хеш дар солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо ҷанги шаҳвандиро ба вуҷуд оварданд.
Хушбахтона, ба шарофати хиради азалии халқи тоҷик таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба мо муяссар гардид, ки якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу амният, ва ваҳдати миллиро барқарор намуда , хатари пароканда шкдани миллат ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр аз байн рафтани Тоҷикистони азизро бартараф созем ва дар муддати на он қадар зиёд дар Тоҷикмстон сиёсат ва низоми давлатдории нав, ки орзӯи деринаи миллиро ифода мекунад, ба вуҷуд оварда шуд.
Маълум аст, ки ҳар як миллат маҳз тавассути таърихи гузашта, илму фарҳангу маънавиёт, тафакури миллӣ ва тамаддуни ниёгонамон восита муҳими худшиносӣ, худогоҳи, ваҳдату ҳуввияти миллат ва дигар муқадасот, ки асоси ҳасти миллат мебошанд, ба тамаддуни ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, асоси пешрафти ҷомеаи соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Чунонки Пешвои миллат иброз медоранд: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар карда ва кишвари маҳбубамонро ба марҳилаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд. Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароиӣти мусоид фароҳам оварда шуд”.
Тоҷикистони тозаистиқлол дар шароити печидаи сиёсати байналмилалӣ бо ҳифзи вижагиҳои милливу таърихии халқи тоҷик, сиёсати хоссаи хешро пеш гирифт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро густариш дода, самтҳои рушдро муайян намуд ва бунёди ҷомеаи озоду адолатпарварро ҳадафи олии миллату давлат эълом дошт.
Асосҳои мустаҳкамӣ ва пойдории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳар як фарди солимақл бояд аҳмият ва ҳифзу таҳкими онро аз мадди назар дур насозад. Зеро ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва пешрафти мустаҳками иҷтимоӣ пояи истиқлол ва манбаи бахту саодати миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Пойдории сулҳу ваҳдат, ҳурмату эҳтиром ва меҳру муҳабати самимии мардуми шарифи Тоҷикистон ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ барои бунёд ва таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ асос гузоштааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри таҳкими истиқлоли миллӣ ва бунёди низоми рушди иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозиву коммуникатсия, пешрафти саноат, кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа барнома ва нақшҳои таҳррезикардаи худро зина ба зина амали карда истода аст.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд баҳри амалӣ гардидани ин нақшаву барномаҳои бо мақсади таррақиёту ободии кишвари худ содиқона хизмат кунем.
Боиси сарфарозист, ки баҳри таҳкими истқлолият ва ҳамкориҳои мутақобилаи судманд равобити Тоҷикистон бо давлатҳои гунонуни Шарқу Ғарб рӯз аз рӯз вусъат ёфта, нуфузи кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди эътирофи ҳамагон қарор гирифтааст.
Имрӯзҳо мардуми кишвари азизамон дар арафаи бошукӯҳи 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз ин рӯ ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки дар баробари шукургузориву ифтихор кардан аз Ватану давлати соҳибистиқлоламон, тамоми азму талоши худро ба таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ равона карда, баҳри ободии имрӯзу фардои Ватан софдилона хизмат намоянд.