13-уми августи соли равон дар идомаи суҳбату вохӯриҳо бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент вохӯрии гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳр доир гардид.
Вазири адлия зимни баромади худ ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба истифодаи самараноки нерӯи барқ, муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқро ба сокинон тавзеҳ дод.
Музаффар Ашуриён оид ба масъалаҳои амалисозии самараноки сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо нерӯи барқ, кам кардани талафоти нерӯи барқ ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот мушаххасу пурмуҳтаво пешниҳод намуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз дошт, ки шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад.
Ба гуфтаи ӯ сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосири демократӣ аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода бурда, дар тарғиби арзишҳои демократӣ масъулияти баланд дошта бошанд.
Баромадкунандагони чорабинӣ аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ бо дар назар доштани амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ба мушоҳида мерасад, масъалаи сарфакорона ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳаммияти муҳим касб намудааст.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиён саволҳо пешниҳод шуда, гурӯҳи корӣ ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд.