Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор гардид.
Дар семинар-машварат оид ба муқарароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ байни кормандони вазорат мубодилаи афкор сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро оид ба муқаррарсозӣ, тағйирдиҳӣ, бекоркунӣ, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ муайян намуда, ба ташаккул, рушд ва ҳавасмандгардонии фаъолияти хоҷагидорӣ нигаронида шудааст.