Имрӯз бо ташаббуси Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Одоби нотариусони давлатӣ» семинари машваратӣ доир карда шуд.
Дар кори семинар сарнотариуси давлатӣ Шарофиддин Шарифзода, раиси Комиссияи одоби Палатаи нотариалии Ҷумҳурии Қазоқистон Олег Полумордвинов, муовини сардори раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлия Сафар Саидзода, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулсара Абдусамадова ва нотариусони давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар семинар сарнотариуси давлатӣ вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти касбии нотариусони давлатӣ, аз ҷумла асосҳои ҳуқуқии этикаи касбии нотариусони давлатӣ маълумот пешниҳод намуд.
Иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нотариусони давлатӣ мақоми давлатӣ дошта, фаъолияти худро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд. Аз ин ҷо, нотариусони давлатӣ хизматчии давлатӣ ба шумор рафта, дар фаъолияти касбӣ принсипҳои хизмати давлатиро ба роҳбарӣ мегиранд.
Вобаста ба ин, нотариусони давлатӣ вазифадоранд, ки ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти касбӣ волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя намоянд.
Ҳамзамон, дар навбати худ раиси Комиссияи одоби Палатаи нотариалии Ҷумҳурии Қазоқистон Олег Полумордвинов зимни маърӯза хеш, таҳлили муқоисавии санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи этикаи касбии нотариусони давлатиро анҷом дода, дар бораи таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.