Имрӯз вобаста ба нақшаи амали гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2026 вохӯрӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсия)» барарсӣ шуд.
Дар чорабинии мазкур мақсаду моҳияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии самти коррупсия, қабул гардидани стратегия ва барномаҳои миёнамӯҳлати давлатӣ, ки нақши онҳо дар амалишавӣ ва паст гардидани шиддати коррупсия назаррас мебошанд, инчунин масъалаҳои фаъолияти мақомоти дахлдори муборизабаранда бо амалҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби ҳар як сохторе, ки ҷиҳати амалишавии бандҳои нақша муваззаф гардиданд ахборот манзур карда шуд.
Ҷиҳати минбаъд низ ба роҳ мондани таҳлили фаъолият оид ба хавфҳои коррупсия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар баробари дигар барномаҳои давлатӣ, вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии чорабиниҳо тибқи нақшаи тасдиқгардида, яъне дар доираи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) гузаронидани таҳлили фаъолият оид ба хавфҳои коррупсионӣ дар Вазорати адлия гузаронидани ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба амалишавии методологияи тартиб ва метотдикаи гузаронидани таҳлил (хавфҳои коррупсионӣ)-ро ба роҳ хоҳад монд.