Вазири адлия бо сокинони ноҳияи Дарвоз ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вохӯрӣ доир намуд
Имрӯз бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи
Дарвоз вохӯрии гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия доир гардид.
Дар вохӯрӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов иштирок ва суханронӣ карданд. Вазири адлия зимни баромади худ ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба масъалаҳои амалисозии самараноки сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ бо дар назар доштани амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ба мушоҳида мерасад, масъалаи сарфакорона ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳаммияти муҳим касб намудааст.
Иброз гардид, ки пешгирии ғайриқонунии истифода бурдани неруи барқ дар Тоҷикистон аз шаҳрвандон ҳисси баланди масъулият ва ватандўстиву ватанпарастиро талаб мекунад. Вобаста ба ин, зикр гардид, ки таъсиси ситодҳои вижа, насби ҳисобкунакҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати баланди истифодабарии неруи барқ аз ҷониби сокинон метавонад дар коҳиш додани амалҳои ғайриқонунӣ ва солимгардонии вазъи энергетикии кишвар нақши басо муҳим дошта бошад. Гурўҳи корӣ бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро идома дода истодааст.