Имрӯз, 15-уми май аз ҷониби устодони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии неруи барқ, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Дар суҳбату вохӯриҳо таъкид гардид, ки дуздии неруи барқ дар Тоҷикистон як масъалаи ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки аз шаҳрвандон чораҳои қатъӣ ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ ва ҷамъиятиро талаб мекунад. Таъсиси ситодҳои вижа, насби ҳисобкунакҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати мардум метавонанд дар коҳиш додани миқёси дуздии барқ ва беҳтар кардани вазъи энергетикии кишвар нақши муҳим дошта бошанд.
Гуруҳи корӣ тасмим гирифтааст, ки ба шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории кишвар дар самти истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии неруи барқ равона гардидааст бо усули деҳа ба деҳа бо сокинони ноҳияи Шаҳринав корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад.