Коррупсия имрӯз яке аз мушкилоти ҷиддии тамоми давлатҳои дунё ба шумор меравад, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва фаъолияти шаффофи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаро зери хатар мегузорад. Ин зуҳуроти номатлуб реша дар худпарастӣ, манфиатҷӯӣ, беэҳтиромӣ ба қонун ва хислати нопоки инсонии баъзе шахсон дорад.
Коррупсия, тибқи мафҳуми ҳуқуқӣ, суистифода аз мансаб барои манфиати шахсӣ мебошад, ки метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад – ришваситонӣ, порагирӣ, судури қарорҳои ғайриқонунӣ, тақаллуб дар тендеру озмунҳо ва ғайра. Сабабҳои асосии густариши коррупсия инҳоянд:
-заъфи назорат ва ҳисоботдиҳӣ дар муассисаҳои давлатӣ;
-сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;
-маоши каму шароити иқтисодии номуносиб;
-ҷазои сабук барои амалҳои коррупсионӣ;
-бетафовутии ҷомеа ва нофаҳмии баъзе шаҳрвандон дар хусуси зарари он.
Зарари коррупсияро ба давлат ва ҷомеа таҳлилҳо чунни нишон медиҳанд:
-монеа ба сармоягузории дохиливу хориҷӣ мегардад;
-эътимоди мардумро нисбат ба давлат ва қонун зери шубҳа мебарад;
-риояи ҳуқуқ ва адолати иҷтимоиро поймол мекунад;
-рушди иқтисодиро манъ ва ташаббускориҳои шахсиро маҳдуд месозад.
Ҳамаи ин нишондодҳо собит месозанд, ки мубориза бо коррупсия бояд масъалаи авлавиятноки миллӣ бошад.
Дар Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо коррупсия ҳамчун вазифаи муҳими давлатӣ ва омил барои таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад. Бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, аз ҷумла:
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»;
-Барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2021–2025;
-таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Инчунин, Тоҷикистон бо чандин созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, дар самти баланд бардоштани шаффофият ва таҳкими назорати ҷамъиятӣ тадбирҳо меандешад.
Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи давлат нест. Ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд масъулиятшинос бошад. Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, фарҳанги муроҷиаткунӣ, истифодаи самараноки ВАО ва интернет, фаъолгардонии ҷавонон ва табақаҳои фаъоли ҷомеа метавонад дар коҳиши ин зуҳуроти номатлуб нақши муассир гузорад.
Коррупсия душмани рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Бартарафсозии он на танҳо бо қабули қонунҳо, балки бо тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқи баланд, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаи ҷомеа имконпазир аст. Танҳо бо якдилии шаҳрвандон ва амали муштарак метавонем Тоҷикистонро аз ҳар гуна унсурҳои харобкор тоза карда, ба ояндаи равшан қадам гузорем.
Ҳабибуллозода Сайфулло,
нотариуси давлатии идораи
нотариалии давлатии н. Рашт