15 апрели соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Лоиҳаи ин санад дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 марти соли 2025 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин агар ҷавобгарӣ ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 800 нишондиҳанда (60 ҳазор сомонӣ) то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (90 ҳазор сомонӣ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.
Агар ҷавобгарӣ ба миқдори махсусан калон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошад – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо дода мешаванд.
Муқарар гардидани ин ҷавобгарии ҷиноятӣ аз як ҷониб баҳри пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бошад аз тарафи дигар он сабаб мешавад то пеши роҳи истифодаи ғайримақсадноки неруи барқ гирифта шуда, фарҳанги сарфакорӣ боло бардошта шавад.
Бояд гуфт, ки яке роҳҳои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар зиёд намудани манбаъҳои истеҳсоли энергия ва кам кардани истифода ё сарфакоронаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ мебошад.
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ маънои маҳдуд кардани истифодаи онро надорад, балки ин маънои онро дорад, ки бояд неруи барқро ба қадри зарурат ва сарфакорона истифода намоем. Мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нафароне ҳастанд, ки нисбат ба истифодаи неруи барқ бепарвоӣ зоҳир менамоянд.
Имрӯз аз воситаҳои электрикии фаровон истифода мебарем, аммо дар лаҳзаҳои нодаркор будан хомӯш кардани онҳоро фаромӯш мекунем. Фаромӯш набояд кард, ки асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад. Фурӯзонак ва дастгоҳҳои техникиро сари вақт пурра хомӯш кунед, таҷҳизоти барқӣ, ҳатто қувватдиҳандаи телефонҳои мобилиро дар ҳолати «интизорӣ» фаъол нагузоред.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро хуб дарк намояд. «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд»,-изҳор менамоянд Сарвари давлат.
Набояд фаромуш кард, ки самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Ба ин хотир низ бояд ҳар яки мо чӣ дар оила ва чӣ дар ҷои кор ва навобаста аз макони будубош сарфакории неруи барқро кори ҳамешагии худ қарор диҳем. Кушиш намоем, то тибқи қонун амал намуда, дар шукуфоии мамлакати худ саҳми худро гузорем.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ,робита бо ҷомеа ва воситаҳои
ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон